Корхонаи металлургии Чину Тоҷикистон дар Ҳисор ҳанӯз фаъол нест

Корхонаи металлургии Чину Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳисор, ки интизор мерафт навбати аввалаш то охири соли гузашта ба истифода дода шавад, то ҳол фаъол нагардидааст.
Тавре аз Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, сохтмони навбати аввали комбинати металлургӣ бо иқтидори лоиҳавии 150 ҳазор тонна маҳсулоти металлӣ дар як сол идома дорад. Ба иттилои манбаъ айни замон ба корхона ба маблағи 4,5 миллион доллари амрикоӣ дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ ворид гардида, кор дар ин коргоҳ идома дорад.
Интизор меравад, ки бо фаъол шудани корхонаи металлургии Ҳисор талабот ба фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли арматураи шаҳри Душанбе кам мешавад. Айни ҳол дар пойтахти Тоҷикистон ҳудуди 13 корхонаи металгудозӣ бо вайрон намудани тамоми меъёрҳои экологӣ кор мекунанд.
Масъулини Раёсати ҳифзи муҳити зисти Душанбе мегӯянд, мувофиқи технологияи муосири оҳанпораобкунӣ, пеш аз гудозиш бояд оҳанпораҳо дар ванна ё ҳавзҳои махсус бо воситаи ҳалкунандаҳои органикӣ аз равған ва рангҳо тоза шаванд, ки дар ягон корхонаи пойтахт роҳандозӣ нашудаст. Ба иддаои экологҳо ҳадди аққал дар корхонаҳо таҷҳизоти ҳавотозакунӣ ба пуррагӣ насб нашудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |