Додситонӣ ҷазои се сиёсатмадори қирғизро “сабук” хонд
Додситонии генералии Қирғизистон мегӯяд, аз ҳукми додгоҳи ноҳияи Якуми Майи шаҳри Бишек, ки рӯзи гузашта нисбат ба се сиёстамадори қирғиз содир шуд, норозӣ мебошад.
Тавре расонаҳои қирғизӣ иттилоъ медиҳанд, Марат Кулҷабаев, айбдоркунандаи давлатии Прократураи Генералии Қирғизистон гуфтааст, ҳукми додгоҳ нисбат ба аъзои Ҳизби Ота Журт ноодилона буда, ба онҳо мувофиқи ҷинояти кардаашон ҷазо надодааст. Ба гуфтаи Кулҷабаев додгоҳи ноҳияи Якуми Майи Бишкек бояд ба ин се вакили қирғиз ҷазои сангине эълон менамуд. «Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтаем, ки аз болои ин ҳукми додгоҳ ба додгоҳи шаҳрии Бишкек шикоят барем.»- афзудааст номбурда.
Додгоҳи ноҳияи Якуми Майи шаҳри Бишкек дирӯз, 29-уми март Қамчибек Тошиев, раиси ҳизби Ота Журт, Талант Мамитов, муовини раиси парлумони Қирғизистон ва узви ҷиноҳи ҳизб дар Жогорку Кенеш, Содир Ҷабборовро тибқи банди 295-уми Кодекси ҷиноӣ, “даъват барои аз роҳи зурӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ” айбдор дониста, ба муддати якуним сол равонаи зиндон намуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |