Бахшҳо
30 мар 2013 10:01Тоҷикистон / Сиёсат

Зоиров: Мақомот оиди Шамсиддинов маълумоти дақиқ намедиҳанд

Раҳматулло Зоиров, раҳбари ҲУСДТ, мегӯяд, мақомоти тоҷик дар бораи ҷои будубоши Салим Шамсиддинов, ҳуқуқшинос ва раҳбари созмони ҷамъияти узбакони вилояти Хатлон маълумоти дақиқе пешниҳод намекунанд.

Зоиров, рӯзи 30-юми март, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, мақомоти тоҷик ба муроҷиатҳои чандкаратааш дар мавриди ғайб задани Шамсиддинов маълумоти дақиқе пешниҳод накардаанд ва “айни ҳол дар мавриди ҷои будубоши ӯ чизе маълум нест.” Салим Шамсиддинов, субҳи 15-уми март аз хона баромада, то ба ҳол барнагаштааст. Мақомоти пулиси вилояти Хатлон бо гузарондани натиҷаҳои пешакӣ изҳор медоранд, ки ягон нишони ба истифодаи зӯрӣ рабуда шудани раҳбари узбакони Хатлонро пайдо накардаанд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Раҳматулло Зоиров, бо пахши як изҳорот гуфт, ки ғайб задани шаҳрванд Салим Шамсиддинов ба ҳамкорӣ бо ӯ марбут буда, эҳтимолан масъулини мақомоти амнияти давлатӣ ӯро ба Душанбе интиқол додаанд.

Дар изҳорот омадааст, ки чанде пеш мақомоти амният аз ҳамкории шаҳрванд С. Шамсиддинов бо раҳбари Консорсиюми юридикии Тоҷикистон, Раҳматулло Зоиров эрод гирифтаанд. Раҳматулло Зоиров дар изҳороти худ ба унвони ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода, вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимов ва раҳбари кумитаи давлатии амнияти миллӣ гуфтааст, ки С. Шамсиддинов аъзои ҲУСДТ набуда, тибқи сарқонун дар робита ба боздошт шудан ва ё нашудани вай чораҳои ҳуқуқӣ андешида шавад.

Моҳи майи соли гузашта низ Шамсиддинов мавриди латту кӯби афроди номаълум қарор гирифта буд. Шамсиддинов латту кӯбро ба интиқодҳояш аз мақомоти давлатӣ рабт дода буд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)