Ҳушдори Хадамоти алоқа: Паҳнкунандагони иттилои дурӯғро муайян мекунем

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо пахши як изҳорот паҳни иттилооти гумроҳкунанда, дурўғ ва ё тўҳматро дар интернет ҷиноят хонда, ҳушдор додааст, ки имрӯз ин ниҳод таҷҳизоти муосиреро дар даст дорад ва қодир аст, манбаи иттилооти бардуруғро муайян кунад.
Ин ниҳод, рӯзи 29-уми март бо пахши изҳорот аз фарҳанги костаи бархе аз истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, корбарони интернетро ба масъулиятшиносии бештар даъват кардааст. Дар иттилоияи ин ниҳод аз ҷумла омадааст, “имрўзҳо интернет барои ҷомеаи мо майдони бедарвоза гардидааст. Истифодабарандагони интернет бо имзои мустаор ба ифшои гапҳои қабеҳ роҳ медиҳанд, шахсияти одамонро паст мезананд ва ба иззати нафси ҳамдигар мерасанд, ки ин оқибати нохушро ба бор меорад. Баъзе ашхос озодии баён гуфта, дар сафҳоти интернет суханҳои кабеҳ дарҷ менамоянд.”
Ин ниҳод зарур хондааст, ки фарҳанг ва этикаи хоса, қоидаю муқаррароти истифодабарии Интернет аз тарафи волидайн, макотиби миёнаю олӣ ва провайдерон таблиғ шавад: “Истифодабарандогони наврасу ҷавон имрўзҳо қариб ҳама аз интернет истифода мекунанд ва баробари афзалиятҳои ин шабака, инчунин ба ҳамаи намуди сайтҳои фаҳшу бемаънӣ дастрасии озод доранд. Бояд ба истифодабарандагони Интернет фаҳмонда шавад, ки шахс нисбати тамоми амалҳои анҷомдодашуда дар шабакаи Интернет масъул ва ҷавобгӯ мебошад.”
Хадамоти алоқа таъкид кардааст, ки бо истифода аз технологияҳо ва таҷҳизоти муосир, қодир аст, манбаи паҳни кардани иттилооти бардуруғро муайян кунад.
Қаблан Хадамоти алоқа дастрасӣ ба шабакаи Фейсбук ва дигар сомонаҳои иттилоотиро масдуд намуда буд. Айни ҳол дар Тоҷикистон дастрасӣ ба ҳудуди 30 сомонаи интернетӣ масдуд боқӣ мондааст. Бег Зуҳуров, сардори ин ниҳод дар суҳбат бо хабаргузориҳо далели маҳдуд кардани дастрасиро дар паҳн намудани иттилооти бардурӯғ ва нашри шарҳҳои таъқиру туҳматдор арзёбӣ карда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |