Эрон гуфт, ба бунёди нерӯгоҳи “Айнӣ” дар Зарафшон оғоз мекунад
Эрон мегӯяд, базудӣ ба бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Айнӣ” бар фарози рӯдхонаи Зарафшон, воқеъ дар шимоли Тоҷикистон, оғоз хоҳад кард.
Дар ин бора Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон, дар ҳошияи нишасти “Муколамаи ҳамкории Осиё” дар Душанбе бо хабарнигорон суҳбат намуда ва гуфтааст, “зимни дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар бораи тарҳои иҷрошуда ва онҳое, ки дар оянда ба иҷро хоҳанд расид, ба тавофуқ расидем.”
Ба гуфтаи Солеҳӣ, муҳандисони эронӣ таҳқиқот ва озмоишоти фаннии лозимии худро барои бунёди нерӯгоҳи “Айнӣ” анҷом дода, баъд аз хатми корҳои “Сангтӯда-2”, ки дар ҷануби Тоҷикистон воқеъ мебошад, ба ин макон кӯчонда хоҳанд шуд.
“Сангтӯда-2” калонтарин тарҳи Эрон дар Тоҷикистон аст, ки бо 180 миллион доллар саҳми Эрон ва 40 миллион доллари Душанбе сохта шудааст. Қарор буд, дар Наврӯзи имсол чархаи дувуми нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-2” мавриди истифода қарор гирад, аммо ба таъхир уфтод. Ин дар ҳолест, ки дар авохири моҳи феврали соли ҷорӣ сафорати Эрон дар Тоҷикистон бо ирсоли як нома аз ширкати “Барқи тоҷик” хост, то 12 миллион доллар қарзаш аз “Сангтӯда-2”-ро пардохт намояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |