БДА афзоиши садамаҳоро “айб”-и роҳҳо донист
Масъулони Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон (ГАИ) афзоиши садамаҳои нақлиётӣ дар се моҳи охирро ба вазъи роҳҳои кишвар вобаста донистанд.
Маҳмадшариф Шамсов, масъули шӯъбаи ташвиқоту тарғиботи ин ниҳод, ба “Озодагон” гуфт, дар се моҳи гузашта 240 садамаи нақлиётӣ сабт шудааст, ки бар асари он 74 тан ҷон бохта, 254 нафари дигар захмӣ шудаанд. Ба қавли мусоҳиби мо, ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 18 адад бештар будааст.
Ҷаноби Шамсов дар шарҳи сабаби афзоиши садамаҳо гуфт, “дар баъзе минтақаҳо зиёдшавии садамаҳо ба ҳолати роҳҳо вобастагӣ дорад. Инчунин, бисёре аз сонеҳаҳо аз беэҳтиётии ронандагон рух медиҳад.”
Қудратулло Шоев, масъули дигари Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ, афзоиши садамаҳоро бештар ба риоя нагардидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ марбут медонад. Ӯ мегӯяд, “баъзеи ронандаҳо намедонад, ки аломати роҳ чӣ маъно дорад. Дар маҳаллаҳои аҳолинишин бояд суръати ҳаракат набояд аз 60 километр соат зиёд бошад, аммо бархе ронандаҳо ба ин нигоҳ накарда суръати ҳаракатро баланд мекунанд, ки бисёр вақт бо садама анҷом меёбад.”
Ин дар ҳолест, ки ронанда Амиршо Зоиров, сокини ноҳияи Файзобод, яке аз сабабҳои аслии сар задани садамаҳои нақлиётиро дар “беэҳтиромии ронандаҳо” мебинад. Ӯ мегӯяд, “бисёр вақт мушоҳида кардаам, ки дар роҳҳои Тоҷикистон ронандаҳо нисбат ба якдигар эҳтиром надоранд. Бархе ронандаҳои мо бисёр бесабранд. Ба саросемагӣ роҳ дода суръати ҳаракатро аз ҳад зиёд баланд мекунанд.”
Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД мегӯяд, қоидаи ҳаракат дар роҳҳои Тоҷикистон суръати ҳаракатро барои ҳама намуд воситаи нақлиёт муқаррар кардааст. Аз ҷумла, ронандаҳо дар роҳҳои наздик ба маҳаллаҳои аҳолинишин набояд зиёдтар аз 60 километр соат суръати ҳаракатро баланд намоянд. Ба қавли манбаъ, дар сурати риоя накардани ин меъёр аз ронандагон ҷарима ба ҳисоби аз 40 тог 120 сомонӣ ҷарима ситонда мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |