Дар назди майдони фурудгоҳи Душанбе таваққуфгоҳи пулакии шабонарӯзӣ ташкил карда шуд.
Тавре ба « Озодагон» аз дафтари матбуотии фурудгоҳи байналмилалӣ иттилоъ доданд, ин таваққуфгоҳ бо мақсади баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонӣ, таъмини амнияти мусофирон, бор ва бағоҷи онҳо, ҷорӣ намудани тартиб ва танзим дар вуруд ва беруноӣ дар фурудгоҳи мазкур роҳандозӣ шудааст.
Манбаъ афзуд, аз ҷониби дигар, муносибатҳои бозаргонии иқтисодӣ тақозо менамоянд, ки корхона сарчашмаи нави даромадро ҷустуҷӯ кунад. Барои ташкил намудани таваққуфгоҳ ва ҷорӣ намудани низоми электронии пардохт аз ҷумҳурии халқии Чин дастгоҳи ҳисобкунии автоматӣ харидорӣ карда шуд.Тарифи пардохт бошад, ба шакли зерин муайян шудааст:
1.Барои 5 дақиқаи аввали соати якум-ройгон (бепул)
2.Ҳар як соати пурра ва нопурраи дар таваққуфгоҳ будани мошин бо фарогирии 5 дақиқаи аввал -3 сомонӣ
3.Ҳар як соати пурра ва нопурраи минбаъдаи дар таваққуфгоҳ будани мошин- 3 сомонӣ Гуфта мешавад, аснои вуруд ба ронанда корти махсус дода шуда, вақти воридшавӣ ба қайд гирифта мешавад. Ҳангоми беруноӣ вақти дар таваққуфгоҳ будан тариқи корт муайян карда шуда, аз ҷониби ронанда маблағи зарурӣ пардохт карда мешавад.
Дар сурати гум кардан, осеб расонидан ва корношоям кардани корт аз ронанда 5 (панҷ) доллари амрикоӣ ҷарима ситонида мешавад. Маблағи ҷарима бо асъори миллӣ (сомонӣ) аз рӯи курси дар рӯзи пардохт муайянкардаи бонки миллии Тоҷикистон ситонида мешавад. Ташкил намудани чунин шакли хизматрасонӣ имкон медиҳад, ки ронанда бо мошини худ то пешайвони фурудгоҳ биёяд, мошини худро дар дилхоҳ ҷойи тавақуфгоҳ гузорад ва мутмаъин бошад, ки мошинаш зери назорати кормандон қарор дошта, амнияти он таъмин аст.Бо кушода шудани таваққуфгоҳи тиҷҷоратии нав барои 9 нафар ҷойҳои корӣ пайдо гардид, ки дар навбати худ як банди стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳури таъмин карда мешавад. {jathumbnail off}
Мӯҳр