Хуҷанд то соли 2014 пурра бо оби тоза таъмин мешавад
Дар соли 2013-ум 6 млн сомонӣ аз ҷониби Вазорати молия барои насб кардани шоҳқурбҳои нав дар Хуҷан, ҷудо шудааст. Дар назар аст, ки тавассути шоҳқубурҳо оби нӯшокии сойи Хоҷабақурғонро ба Хуҷанд меоранд.
Бо маблағгузории муттамаркази Вазорати молия дар соли 2012 соҳили чапи дарё ба пуррагӣ бо оби нӯшокӣ, ки аз сойи Хоҷабақӯрғон сарчашма мегирад, таъмин гардид. Соли 2013- ум 6 млн сомонӣ ба маъмурияти корхонаҳои сохтаистодашудаи ҳукумати шаҳри Хуҷанд ҷудо шудааст. Ин маблағ барои бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани соҳили рости дарё сарф карда мешавад.
Саркор Турақул Нуров ба «Озодагон» гуфт, “дар соли 2012-ум мо 2 400 м шоҳқубурҳои нав насб намудем. Имсол бошад, 2 200 м дар назар аст. Умуман дарозии шоҳқубур 5 700 м мебошад. Шоҳқубурҳо обро ба ҳавзи калони «Хуҷандобуканал», ки дар маҳаллаи 27-ум ҷойгир аст, мебарад. Баъдан аз он нуқта оби сойи Хоҷабақурғон ба соҳили рости дарё низ тақсим мегардад.”
Ин лоиҳа соли 1982 қабул шуда, аз соли 1986 иҷроишаш оғоз гардида буд. Аммо пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ корҳои сохтмонӣ дар ин самт қатъ мешавад. Баъдан соли 2006 масъулин дубораи ба ин лоиҳа таваҷҷуҳ намудаанд. Аз соли 2007 кор дар ин самт ҷоннок карда шуд ва соли гузашта соҳили чапи дарё ба пуррагӣ бо ин об таъмин гардид. То моҳи сентябри соли 2014 –ум бояд сокинони соҳили рости дарё низ аз оби сойи Хоҷабақирғон истеъмол кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |