Раҳмон аз қудратмандҳои Осиё барои кишварҳои ниёзманд кумак хост

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 29-уми март, зимни ҷаласаи 11-уми вазирони умури хориҷии кишварҳои иштирокдори Муколамаи ҳамкории Осиё аз қудратмандҳои минтақа даъват кард, ки кишварҳои эҳтиёҷмандро дастгирӣ кунанд.
Тавре аз Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ доданд, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияш таъкид кардааст, ки “бо назардошти эҳтиёҷоти шадиди аксари кишварҳои минтақа ба қувваи барқ, ҳамкории байниминтақавӣ оид ба масъалаҳои энергетика низ бояд яке самтҳои афзалиятноки Муколамаи Осиё бошад. Дар ин росто, Тоҷикистон барои пуштибонӣ аз истифодаи васеи манбаҳои таҷдидшавандаи нерӯ даъват ба амал меорад.”
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, истифодаи захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон метавонад аҳолии кишварҳои минтақаро ба нерӯи барқи арзон, таҷдидшаванда ва аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин намояд. Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кардааст, ки ояндаи наздик Форуми энергетикии кишварҳои Муколамаи Осиё баргузор гардад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор доштааст, ки баъзе кишварҳои осиёӣ ба ҳайси тавлидкунандаи техника ва технологияҳои муосир дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шудаанд: “Ин кишварҳо, ки соҳиби зарфиятҳо ва имкониятҳои фаровони рушд мебошанд, метавонанд давлатҳои ниёзмандро дар бобати дастёбӣ ба технологияҳои муосир ва ба роҳ мондани иқтисодиёти инноватсионӣ кӯмак намоянд.”
Эмомалӣ Раҳмон барои густариши ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсиси гуруҳи махсуси кориро пешниҳод намудааст.
Ҷаласаи 11-уми вазирони умури хориҷии 32 кишвари иштирокдори Муколамаи ҳамкории Осиё рӯзи гузашта дар Душанбе оғоз шуда, дар назар аст, ки имрӯз бо имзои эъломия ба анҷом расад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |