Дар Қазоқистон барои гузариш аз хатти сириллик ба лотинӣ то моҳи сентябри соли равон комиссияи махсус таъсис дода мешавад.
Ин нукта рӯзи 28-уми март, зимни ҷаласаи Кумитаи парлумон оид ба густариши фарҳангию иҷтимои Қазоқистон таъкид шудааст.
Амандак Толешев, раиси Кумитаи улуми вазорати маорифи Қазоқистон, гуфтааст, ҳоло дар мавриди гузаштан ба хатти лотинӣ як комиссия аз ҳисоби донишмандони барҷастаи ин кишвар таъсис дода шуда, роҳҳои гузариш ба хатти мазкурро меомӯзанд.
«Ман фикр мекунам то моҳи сентябр бояд корҳои муқаддимавиро дар ин замина анҷом дод. Дар бораи барномаи таълимӣ ва китобҳои дарсӣ бошад бояд корро аз соли 2014 шуруъ кард.»- гуфтааст ҷаноби Толешев.
Мирзаберген Малбаков, директории Инситути забоншиносии қазоқӣ ба номи «Ахмед Байтурсунов», мегӯяд,
“дар мавриди гузариш ба ҳуруфи лотинӣ моро се интихоб дар пеш аст. Яке интихоби алифбои классикӣ, ки иборат аз 26 ҳарф аст, дуюм, алифбои ҳозира ва сеюмин алифбое, ки дар кишварҳои аврупоӣ дар асри иттилоот ва технологияи муосир истифода мешавад, ки аз 31 ҳарф иборат мебошад.”
Мӯҳр