Нигаронии мақомоти қирғиз аз афзоиши шиносномаҳои қалбакӣ
Муовини нахуствазири Қирғизистон мегӯяд, шумораи шиносномаҳои қалбакӣ дар ин кишвар афзоиш ёфтааст.
Тавре расонаҳои қирғизӣ иттилоъ медиҳанд, Шамил Атахонов, муовини нахуствазири қирғиз 29-уми март дар ҷаласаи парлумонӣ аз фаъолияти Хадамоти ба қайдгирии кишвараш интиқод карда гуфтааст, дар ҷануби Қирғизистон ҳазорҳо ҳолати гирифтани шиносномаҳои қалбакӣ ошкор гардидааст.
Атахонов мегӯяд, барои ҳалли ин мушкилот, бояд системаи шиносномагириро дигар кард. Ӯ се рӯзро барои гирифтани шиноснома кам гуфта, таъкид кардааст, ки дар ин муддати кутоҳ, наметавон тамоми маълумотро дар бораи ашхоси шиносномагир пайдо намуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |