Шарти “Тоҷирон” барои созиш бо “ИмрӯзNews” ва Воҳидова

Ширкати “Тоҷирон”, ки айни ҳол бо Файзиниссо Воҳидова, ҳуқуқшиноси тоҷик ва нашрияи “ИмрӯзNews” баҳси додгоҳӣ дорад, ба шарте барои созиш розӣ шудааст, ки агар журналистон дигар ин қазияро пайгирӣ накунанд.
Файзиниссо Воҳидова, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, мурофиаи пешакии судӣ рӯзи 27-уми март, дар Додгоҳи иқтисодии Душанбе баргузор гадид. Ба гуфтаи Файзиниссо Воҳидова қозии додгоҳ аз тарафҳо даъват намуд, ки миёни ҳам созиш кунанд: “Ин пешниҳоди додрасро вакили дифои “Тоҷирон” ба шарте қобили қабул гуфтааст, ки агар дигар рӯзномаҳо дар бораи “Тоҷирон” ва ҳамин ҳодиса матолиб нашр накунанд.”
Намояндаи “Тоҷирон” аз он изҳори норозигӣ кардааст, ки рӯзномаҳои “Нигоҳ”, “Фараж” ва “Азия-Плюс” то имрӯз ҳамин қазияро пайгирӣ намуда, маълумоти марбут ба шаъну шарафи “Тоҷирон”-ро паҳн намуда истодаанд. Дар ҳамин ҳол Воҳидова посух додааст, ки ягон рӯзнома матлабе чоп накардааст, ки ба шаъну эътибори “Тоҷирон” марбут бошад: “Рӯзномаҳо танҳо аз рафти мурофиаи судӣ гузоришҳо чоп кардаанд.”
“Тоҷирон” аз болои Файзиннисо Воҳидова ва ягона рӯзномаи Тоҷикистон, “Имрӯз News” ба Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе шикоят бурда, аз Воҳидова 50 ҳазор сомонӣ ва аз нашрия 1 сомонӣ ҷуброн талаб кардааст. Эътирози ширкати “Тоҷирон” аз нашри матлабе бо номи "Мурдафурӯшӣ дар ширкати "Тоҷирон" (Имрӯз Нюс) аст, ки аз ҳодисаи садамаи автомашинаи боркашонии ҶДММ "Тоҷирон" ва автомашинаи сабукрав дар роҳи Душанбе-Хуҷанд нақл мекунад.
Қаблан Файзиннисо Ваҳидова, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфта буд, барои созиш бо ҳеч тараф розӣ намешавад ва дар ин баҳс худро гунаҳкор ҳам намеҳисобад: “Дар рӯзнома ин матлаб дар шакли мусоҳиба чоп шудааст ва ман муаллифи матлаб нестам, балки ҳамчун ҳуқуқшинос ба суолҳо посух ва баҳои ҳуқуқӣ додаам.”
Мурофиаи навбатии қазия 5-уми апрел таъин шуда, дар назар аст, ки зимни он пешниҳоди Воҳидова оиди бебаррасӣ мондани иддаои “Тоҷирон” муҳокима мегардад. Воҳидова муътақид аст, ки даъвои “Тоҷирон” зери тобеияти идоравии Суди Иқтисодӣ набуда, бояд дар додгоҳҳои умумӣ баррасӣ гардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |