Танҳо дар Тоҷикистон масъулин худро гунаҳкор намедонанд

Абдулазизи ВОСЕЪ
Ҳамнишинӣ бо соҳибвазифаҳои тоҷик ва чанд муддати зиндагӣ дар кишвари мо ба назар мерасад ба Никола Кавазович бетаъсир набудааст. Ахиран, ин варзишгар, ки масъулияти сармурабигии тими миллии Тоҷикистонро бар зимма дорад, изҳор дошт, дар бохти яккачини мо бар мунтахаби Қирғизистон худро гунаҳкор намешуморад. Танҳо дар Тоҷикистон масъулин барои камбудиҳо худро гунаҳкор намедонанд. Ҳукумат барои ним соли бебарқӣ, водоканал барои оби лойолуду қумбор, масъулин барои роҳҳои хароб…… назди мардум гунаҳкор нестанд. Аммо дар замири Кавазович ҳанӯз чизе боқӣ монда, ки гуфтааст, аз ин бохт эҳсоси шарм кард.
Мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол муваффақ нашуд ба даври ниҳойии Ҷоми даъвати Конфедератсияи футболи Осиё (АФК)-2014 роҳхат бигирад. Дар дидори ҳалкунанда, ки 21-уми март дар варзишгоҳи Долен Омурзоқови Бишкек сурат пазируфт, бозингарони тоҷик аз дастаи мизбон шикаст хӯрданд. Голи ягонаи дидор дақиқаи 41-ум зада шуд. Бозингарони қирғиз барои мухлисонашон роҳхат ба даври финалиро туҳфаи наврӯзӣ бурданд, футболбозони тоҷик бошад, ба ташкилии наврӯзӣ рафтанд. Онҳо оши пухтаи Олим Раҳимов, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистонро нуши ҷон кардаву ба ватан баргаштанд.
Тоҷикистон дар гуруҳи «В» ҳамроҳ бо тимҳои миллии Қирғизистон, Покистон ва Мако барои вуруд ба даври финалӣ талош мекарданд. Бозингарони тоҷик тавонистанд бар мунтахабҳои Покистон (1:0) ва Мако (3:0) дастболо шаванд, аммо аз ҳамсояҳои дар ба девори худ шикаст хӯрда, аввалин маротиба дар таърихи худ натавонистанд ба даври финалии ин мусобиқа роҳхат бигиранд.
Никола Кавазович дар нишасти хабарие, ки баъди анҷоми бозии Тоҷикистон-Қирғизистон баргузор шуд, изҳор дошт, ки дар нокомии дастааш худро гунаҳкор намеҳисобад, вале «дарки масъулият ва шарм мекунад». Аммо Хуршед Маҳмудов, сарвари дастаи яккачини Тоҷикистон ба сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) гуфтааст, бештари бозингаронро ин бохт ноумед кард. «Ман ҳамчун сарвари даста аз номи худ ва футболбозон мехоҳам барои ин бозӣ маъзарат бихоҳам»,-гуфтааст вай.
Никола Кавазович, сармураббии тими миллии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, «албатта, бисёр аламовар аст, вақте аз роҳхат ба марҳилаи ниҳоӣ маҳрум мешавӣ. Ба ҳар як узви ситоди мураббиён ва ба ҳар бозигари дастаи худ изҳори сипос намоям. Ба онҳо ягон эътироз надорам, онҳо кӯшиш карданд, ки ҳамаи кори аз дасташон меомадаро ба ҷо оранд». Ба қавли вай барои мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати АФК ҳамагӣ 10 рӯз омодагӣ дидаанд. Аммо ӯ сабаби хеле кам дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ буданашонро нагуфтааст.
«Дар мо масъалаҳои ҳалталаби дохили даста буданд, вале бачаҳои мо қувват пайдо намуда, сазовор бозӣ карданд». Вақте аз ӯ мепурсанд, ки чӣ гуна масъалаҳои ҳалталаб дар дохили даста буд, посух медиҳад, ки «ин сири махфии дастаи мост, сири байни бозигарон ва ситоди мураббиён. Ҳатто роҳбарияти ФФТ дар ин бора намедонад. Ин кори дохилии дастаи мост». Бо вуҷуд Кавазович гуфтааст, ки «мо дар ин ҷо футболи хуб, замонавӣ ва бо сифати баланди техникӣ намоиш додем». Аммо дар идома гуфта, дар Бишкек мунтахаби Тоҷикистон танҳо 50 дар сади имкониятхои худро нишон додааст: «Ман гуфтанӣ нестам, ки мо хоҳиши 50 дар сад бозӣ кардан доштем, хоҳиши мо 150 фисад буд, вале мо ҳамаи имкониятҳои худро истифода накардем».
Вақте аз Никола Кавазович мепурсанд, ки: -«Иштибоҳи бузурги шумо дар бозии имрӯза чӣ буд»? посух медиҳад, ки «Чунин меҳисобам, ки ман ягон хато накардаам».
Ба қавли Никола Кавазович дастаи Тоҷикистон имконияти бузург дорад. «Ман ба даста дар оянда барори кор мехоҳам ва умедворам, ки ба ҳайси мухлис аз муваффақиятҳояш хурсанд мешавам. Шартномаи ман ба ҳайси сармураббии дастаи мунтахабаи Тоҷикистон бо Федератсияи футболи кишвар рӯзи 1-уми апрел қатъ меёбад. Бинобар ин, фикр мекунам, ки кори ман дар ин ҷо ба анҷом расид».
Бо эҳтимоли зиёд Никола Кавазович дигар дар Тоҷикистон намемонад. Ӯ меравад ва фикр накунам, ки ФФТ ҷуръат намуда, яке аз беҳтарин мутахассисони ҷаҳонро даъват намояд. Курсии Кавазович насиби кадом як мураббии тоҷик мешавад. Касе, ки на танҳо барои бохтҳо худро гунаҳкор намеҳисобад, балки ҳатто эҳсоси масъулият ва дарки шарм низ намекунад. Ё хато кардам?
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |