Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон” баргузор мешавад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон»-ро баргузор мекунанд, ки аз 2 то 9 -уми апрели соли равон идома хоҳад дошт.
Тавре аз Вазорати фарҳанг ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, фестивал дар бинои Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар доир мегардад. Дар ин чорабинӣ, нашриёти «Адабиёти бачагона», гимназияи «Душанбе», СКМ ба номи А.Лоҳутӣ, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №59 - и ноҳияи Файзобод, Қасри фарҳанги шаҳри Роғун, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва хонаи фарҳанги ноҳияи Шаҳринаву Қасри фарҳанги шаҳри Турсунзода ширкат мекунанд.
Зимни баргузории ҷашнвора намоиши китобҳои тозанашр, дастранҷи бачаҳо, вохӯрӣ бо адибон, барномаҳои консертӣ бо иштироки хонандагони мактабҳо, маҳфилҳои адабӣ дар назар аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |