Таассуфу нигаронии Убайдуллоев аз гум шудани Сабина ва Малика
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, аз нопадид шудани ду духтари хурдсол -- Сабинаи панҷсола ва Маликаи шашсола, ки ҳарду аз як хонаводаанд, изҳори таассуф кардааст. Бино ба қавли дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Убайдуллоев бо нигаронӣ аз масъулияти падару модарон дар тарбияи фарзанд, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур дод, ки “бо истифода аз тамоми имконот корҳои ҷустуҷӯиро барои дарёфти онҳо равоа кунанд.”
Ин дар ҳолест, ки вазири умури дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов қазияи гумшавии ду духтараки ноболиғро аз кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе зери назорати шахсӣ гирифтааст. Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар доданд, Раҳимов вобаста ба ҳодисаи гум шудани ноболиғон Аралова Малика ва Аралова Сабина, ки шоми 25 марти соли равон рух додааст, фармон дар бораи созмон додани гурӯҳи махсуси ҷустуҷӯӣ содир кардааст. Ба иттилои манбаъ гурӯҳи мазкур аз ҳисоби кормандони ботаҷриба ва мутахассисони варзида созмон дода шуда, ҳама фарзияҳо оид ба бедарак шудани ноболиғони мазкур мавриди санҷиш ва тафтиши ҷиддӣ қарор хоҳанд дод.
ВКД аз ҳамаи шаҳрвандоне, ки нисбати ноболиғони мазкур ягон маълумоте доранд ва ё онҳоро дар ягонҷо дидаанд, эҳтиромона хоҳиш мекунад, ки тавассути телефони боварии вазири умури дохилӣ 221-21-21 ва ё бо телефонҳои 91-900-12-00, 91-970-55-33 хабар диҳанд.
Дар ҳамин ҳол Тимур Аралов, падари Малика Аралова, бегоҳи 28-уми март дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, “то имрӯз чанд занги телефонӣ қабул кардем, вале мутаассифона бенатиҷа буданд. Чанд бор занг зада, гуфтанд, ки ду духтаракро дар ин ё он кӯчаи Душанбе дидаанд ва мо ба ҳар ҷое, ки нишон доданд, рафтем, вале духтарони худро пайдо накардем. Ба ҳар сурат аз онҳое, ки ба мо занг заданд, миннатдорем.”
Тимур Аралов мегӯяд, кӯдаконаш чун ҳарвақта барои бозӣ баромада бедарак шудаанд: “Ҳоло мо гуфта наметавонем, ки онҳоро дуздидаанд ё худ ба ҷое рафта роҳгум задаанд. Мо тамоми хонаҳои хешутаборро пурсуҷӯ кардем, ҳамсояҳо ҳам суроғ мекунанд, тамоми таҳхонаҳои биноҳои истиқоматии наздик ба маҳали зистамонро кофту коб кардем, мақомот ҳам дар ҷустуҷӯ аст, вале мутаассифона ҳоло онҳоро пайдо накардаем.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |