Машварати Интерпол: Абдуллоҷонов аз Украина паноҳгоҳи сиёсӣ талабад
Пулиси байналмилалӣ ё Интерпол ҳабси Абдумалик Абдуллоҷонов, собиқ сарвазири Тоҷикистонро дар Украина қонунӣ хондааст.
Василий Неволя, масъули Интерпол дар Украина, рӯзи 28-уми март, зимни нишасти хабарӣ ба ин суол, ки дар сурати қонунӣ будани ҳабси Абдуллоҷонов дар Киев чаро ӯ қаблан аз ҷониби Интерпол дар Амрико боздошт нашуда буд, гуфтааст, “дар Амрико Абдуллоҷонов ба мақомоти дахлдор муроҷиат карда, паноҳгоҳи сиёсӣ дарёфта буд ва бинобар ин ҳабс нашуд.” Неволя афзудааст, барои ҷилавгирӣ аз истирдод ба Душанбе Абдуллоҷонов имкон дорад, аз мақомоти Украина паноҳгоҳ талаб кунад.
Дар ҳоли ҳозир ба гуфтаи масъулини Интерпол дурнамои қазияи Абдуллоҷонов норӯшан аст ва пешгӯии қарори додгоҳи Украина нисбат ба собиқ сарвазири Тоҷикистон ғайриимкон аст.
Қаблан, Додгоҳи ноҳияи Шевченкои шаҳри Киев ҳукм кард, ки Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешини Тоҷикистон, то як сол дар боздоштгоҳ хоҳад монд ва додгоҳи таҷдиди назар ҳам ин қарорро бетағйир гузошт. Дар ин муддат масъалаи истирдоди Абдуллоҷонов ба Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд.
Абдумалик Абдуллоҷонов, ки баъд аз соли 1998 дар Иёлоти Муттаҳида ба сар мебурд, дар оғози моҳи феврали соли ҷорӣ дар фурудгоҳи Брисполи Украина аз сӯи пулиси байналмилалӣ ё Интерпол боздошт шуд. Мақомоти тоҷик ӯро дар куштор ва чанде дигар аз ҷиноятҳои вазнин муттаҳам медонанд ва аз Украина хостаанд, ки ӯро ба Душанбе таслим кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |