Мавлавӣ Абдураҳим: “Ҳарфи ман дар бораи ҳизбҳои исломӣ фармоишӣ набуд”

Абдураҳим Каримов, маъруф ба Мавлавӣ Абдураҳим, иддао дар бораи “фармоишӣ” будани изҳороташ дар бораи ҳизбҳои исломиро беасос хонд. Ӯ дар суҳбат бо хабаргузории "Озодагон" гуфт, ҳарфҳое, ки ду ҳафта пеш дар яке аз навоҳии вилояти Суғд дар бораи аҳзоби исломӣ баён дошт, назари шахси худи вай буд ва ҳоло ҳам бар ин ақидааш собит аст.
Ду ҳафта қабл як гурӯҳ аз кормандони Кумитаи умури дини Тоҷикистон, ки дар миёнашон Мавлавӣ Абдураҳим низ буд, ба баъзе аз навоҳии шимоли Тоҷикистон сафар кардаанд. Мавлавӣ Абдураҳим дар сӯҳбати худ дар ноҳияи Масчо ба мавзӯи ҳизбҳои хусусияти динидошта дахл карда ва аз ҷумла гуфтааст, “ҳизбҳои исломӣ асос надоранд”.
Ин изҳороти Мавлавӣ Абдураҳим дарҳол вокуниши Ҳизби наҳзати исломиро, ки танҳо ҳизби динии сиёсӣ дар тамоми Осиёи Марказист, ба бор овард. Масуълини ҲНИТ гуфтанд, ки ҳадаф аз ин ҳарфҳо сиёҳ кардани ҳизб асту халос. Вале Мавлавӣ Абдураҳим дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “бале, суҳбати мо дар мавриди ҳизбу ҳаракатҳое буд, ки дар дунё бо номи Ислом фаъолият доранд. Инҳо ҳеҷ асоси исломӣ надоранд. Асоси исломие, ки бар он далолат менамояд, то дар рӯйи замин ҳизбҳо бо номи Ислом таъсис ёбанду ба манфиати дину миллат хидмат намоянд, ингуна асос дар Ислом нест. Вале урфу одат ва қонунҳои имрӯз иҷозат медиҳанд, ки ингуна ҳизбҳо бо номи ислому дигар таъсис меёбанд. Албатта, мо ба ин тарафи масъала кордор намебошем. Вале Ислом ин чизро иҷозат намедиҳад.”
Ӯ афзуд, “мо танҳо андешаи худро аз нуқтаи назари чаҳор унсури Ислом, аз ҷумла китобу суннат ва иҷмоъ баён намудем. Зеро бар пояи ин чаҳор унсур ингуна ҳизбҳо асос надоранд.”
Дар посух ба ин суол, ки оё Мавлавӣ Абдураҳим бо хоҳиши худ намояндагони Кумитаи динро дар ин сафар ҳамроҳӣ кардааст, ё бо даъвати мақомот, гуфт, “мо бо хоҳиши худ рафта будем. Аз тарафи Кумитаи умури дин ба мо гуфтанд ва мо низ розӣ шудем. Дар ин сафар мо ва муовини раиси кумитаро раиси Донишкадаи исломӣ ва намояндагони Маркази исломшиносӣ ҳамроҳӣ намуданд.”
Мусоҳиби мо мегӯяд, дар ин сафар намояндагони Кумитаи дин бештар дар бораи қонунгузорӣ, ҷашну маросимҳо ва қонун дар бораи масъулияти падару модар сӯҳбат карда, ҳамчунин ба масъалаи ҳизбу ҳаракатҳое, ки дар дунё ва аз он ҷумла Тоҷикистон фаъолият доранд, дахл намуданд. Мавлавӣ Абдураҳим гуфт, ҳарфҳо дар бораи ҳизбҳои исломиро дар посух ба яке аз саволи иштирокдорони вохӯрӣ баён доштааст.
Абдураҳим Каримов, ки ҳоло мударриси Донишкади исломист, дар гузашта намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Кӯлоб буд. Дар даврони ҷангии шаҳрвандӣ ба Афғонистон паноҳ бурда, пас аз имзои Созишномаи сулҳ дар ҳайати сидарсадӣ вориди ҳукумат шуд ва муддате раёсати Кумитаи гумрукро бар уҳда дошт.
Дар акс: Мавлавӣ Абдураҳим (нафари аввал аз тарафи чап)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |