Бахшҳо
28 мар 2013 17:21Тоҷикистон / Видео

Назари сокинон: Чаро кӯдакон гум мешаванд?

Ахиран нопадид шудани ду духтари хурдсол дар наздикии маркази савдои “Садбарг” (кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе) вокунишҳоеро дар ҷомеа ба вуҷуд овардааст. Ҳарчанд гурӯҳи ихтиёриён ва мақомоти пулис онҳоро ҷустуҷӯ мекунанд, вале ҳанӯз ба ҷое нарасидаанд.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, тақрибан дар як рӯз дар Тоҷикистон як нафар гум мешавад. Аз ҷумла, ба гуфтаи ин манбаъ, дар се моҳи охир беш аз ҳафтод нафар “ғайб” задаанд, ки қисмати аслии онҳоро кӯдакону духтарон ташкил медиҳанд.

Бархе аз ҳамсӯҳбатони мо дар хиёбонҳои пойтахти Тоҷикистон мегӯянд, аз гумшавии ноболиғон дар кишвар нигаронанд. Яке аз ин мусоҳибони мо тахмин мезанад, ки шояд гурӯҳе барои харидуфурӯши ҷузъҳои бадани кӯдакон онҳоро медузданд.

Гурӯҳе дигар ҳам ин ҳамаро ба бемасъулиятии волидон бастагӣ медиҳад. “Беназоратӣ аз тарафи падару модар аст. Ҳамин ки кӯдакро бе назорат гузоштӣ, ба ягон ҷое мераваду гум мешавад ё хобаш мебарад”,-гуфт яке дигар аз мусоҳибони мо.

Назари раҳгузарони дигарро дар ин навори видео бубинед ва агар назару пешниҳоде доред, дар поёни ин матлаб бинависед.


Мӯҳр
мси
пири беакл гапота тахлил карда бугу

шояд ягон маняк пайдо шуда бошад...

Тайи чанд соли охир аст, ки ходисаи гумшавии одамон дар шахру нохияхои Точикистон зиёд ба назар мерасад. Ин чанд сабаб дорад:
1.сабаби аслии ин ходисахо фаъол набудани сохторхои кудрати махсусан кормандони милиса мебошад, зеро инсон ин сузан нест, ки ба замин афтида дар хок пинхон шавад.
2. Дар замони Шурави мардум ба милиса бо мехр ва масъулият муносибат мекарданд, имруз бошад дар симои милиса мардум "чаллод" ва "коррупсионер"ро мебинанад, ки ин бисёр бад ва шармовар аст.
3. Гунохи волидайн аст, ки фарзандонро беназорат мегузоран, зеро таваллуди фарзанд чизи дигар асту ба воя расонидани он. Аксарияти занони "Дехаи калон"-мо дар даромадгохи бинохо ба хам сухбату гайбат карда менишинанд ва хатто фарзандонро бе назорат мегузонанд, ки ин аз бефаросативу нахондани онхо шаходат медихад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)