Абдулвоҳид Шамолов, директори институти фалсафа ва ҳуқуқи АУ-и Тоҷикистон, ки яке аз шахсони боэътимоди Азимов дар интихоботи мазкур аст, нақши генералро дар сиёсати феълии ҳукумати кишвар муассир арзёбӣ карда гуфт, «агар ба ин шахс овоз диҳед, ба тамоми мушкилотатон мерасад , агар ҷомеаи худро обод дидан мехоҳел, пас ба Азимов овоз диҳед, дар дастгирӣ кардани сиёсати Ҷаноби Олӣ тафовути ин шахс дар он аст, ки барои сулҳ мубориза бурд. Азимов метавонист ба хориҷа рафта, соҳиби рутбаи генералӣ шавад, лекин нарафт…»
Зимни ҷаласа як мӯйсафеди 64-сола, сокини маҳаллаи 64-уми пойтахт дар хусуси вайрон кардани ҷои нишаст ва намозхонӣ изҳори ташвиш намуд ва хоҳиш кард, ки сабабҳои онро маълум кунанд. Амирқул Азимов дар посух ба суоли ӯ гуфт, «намоз хондан ҷои махсуси худро дорад ва мо бояд бештар илм омӯзем».
Ёдрас менамоем, дар интихоботи миёнадаврии ҳавзаи Сино № 4, ки рӯзи 15-уми май баргузор мегардад, чор довталаб барои курсии вакили МН талош хоҳанд кард. Инҳо Амирқул Азимов аз ҲХДТ, Музаффар Мирзоев аз ҳизби аграрӣ, Сафарбек Маннонову Толибшоҳи Сайидзода (Саидов) тариқи худпешбарӣ мебошанд. Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |