СММ ва Тоҷикистон коҳиши камбизоатиро баррасӣ мекунанд
Фардо, 29-уми март, дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо мизи мудаввар дар самти иҷрои «Стратегия баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» баргузор мегардад.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, ин мизи мудаввар тайи ду рӯз, 29-30 март бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар ташкилотҳои бонуфуз доир мегардад.
Манбаъ афзуд, ки мизи гирд дар ҳамбастагӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад. Зимни баргузории ҳамоиши мазкур натиҷаҳои татбиқи «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012» (СПКСК) ва қадамҳои минбаъда дар самти иҷрои «Стратегия баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» (СБСНМТ) ҷиҳати иҷрои протоколи ҷаласаи Шўрои миллии рушди назди президенти Тоҷикистон ва Форуми рушди Тоҷикистон, ки санаи 11 декабри соли 2012 баргузор гардида буд, барасӣ карда мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |