Душанбе ва Остона барномаи ҳамкорӣ дар соли 2013-ро тасдиқ карданд
Ерлан Идрисов, вазири умури хориҷии Қазоқистон, имрӯз, 28-уми март дар доираи сафари расмиаш ба Душанбе бо ҳамтои тоҷикаш Ҳамрохон Зарифӣ, барномаи ҳамкориро барои соли 2013 имзо намудаанд.
Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод. Ба гуфтаи ҷаноби Назрӣ вазирони тоҷику қазоқ инчунин тавсеи ҳамкорирҳоро баррасӣ кардаанд.
Инчунин дар назар аст, ки Идрисов бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мулоқот намуда, ҳамкориҳои Душанбе ва Остонаро мавриди муҳокима қарор диҳанд. Ин сафари вазири қазоқ ба Душанбе баъди мулоқоташ бо раисиҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов дар рӯзи 27-уми март сурат гирифтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |