Шаҳрванди туркман дар боздоштгоҳ даст ба гуруснанишинӣ задааст
Як шаҳрванди Туркманистон, ки дар боздоштгоҳи шаҳри Челябенски Русия нигаҳдорӣ мешавад, даст ба гуруснанишӣ задаст.
Тавре хадамоти матбуотии Вазорати умури дохилаи Русия иттилоъ медиҳад, ин шаҳрванди Туркманистон дирӯз, 27-уми март, дар эътироз бар ин ки масъулони Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия барои фиристодани ӯ ба ватанаш коре намекунанд, гуруснанишинӣ эълон намудааст.
Ин шаҳрванди 36-солаи Туркманистон моҳи декабри соли гузашта, ба иттиҳоми қонунвайронкунии маъмурӣ дар Русия боздошт гардида, бар асоси ҳукми додгоҳи шаҳрии Копейск бояд аз қаламрави ин кишвар берун карда мешуд. Вале ин ҳукми додгоҳ ба далели набудани бархе ҳуҷҷатҳои лозимаи ин шаҳрванди Туркманистон ҳанӯз ҳам дар амал тадбиқ нашудааст.
Мақомоти Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар шаҳри Челябенск мегӯянд, барои ҳалли ин мушкилот ба сафорати Туркманистон дар Русия нома фиристодаанд ва ҳоло посухро интизор мебошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |