Идрисов пеш аз мулоқот бо Раҳмон ба дидорбинии Каримов рафтааст
Дар пасманзари хабарҳои васоити ахбори омма оиди вазъи бади саломатии Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон, расонаҳои расмии ин кишвар менависанд, ки ӯ дирӯз, 27-уми март, Ерлан Идрисов, вазири умури хориҷаи Қазоқистонро ба ҳузур пазируфтааст.
Бино ба иттилои манобеи хабари ин кишвар, ин мулоқоти Каримов бо Эрлан Идрисов ғайриинтизор буда, қаблан дар барномаи сафари вазири умури хориҷаи Қазоқистон ба Узбакистон пешбинӣ нашуда буд.
Пас аз мулоқот бо Каримов, вазири корҳои хориҷии Қазоқистон бегоҳи 27-уми март вориди Душанбе шуда, дар назар аст, бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кунад.
Қаблан хабаргузориҳои русӣ аз вазъи бади саломатии раисиҷумҳури Узбакистон хабар дода, гуфта буданд, ки шоми 19-уми март, ҷаноби Каримов сактаи дил ё инфарктро аз сар гузаронидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |