Максим Боқиев ба 25 соли зиндон маҳкум шуд
Максим Боқиев, писари раисиҷумҳури пешини Қирғизистон, Қурмонбек Боқиев ба 25 соли зиндон маҳкум гардид.
Тавре расонаҳои қирғизӣ иттилоъ медиҳанд, Додгоҳи шаҳри Бишкек 26-уми март, раиси пешини Оҷонсии сармоягузории Қирғизистон, Максим Боқиевро бар асоси моддаи 30 ва 303 (коррупсия), 306 (бастани шартномаҳо ва пиёдасозии аҳдофи худ алайҳи манофеи кишвар)-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон дар ғайби ӯ гунаҳгор дониста, ба муҳлати 25 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.
Бар асоси ин ҳукми додгоҳ, Додситонии генералии Қирғизистон тасмим дорад, бораи бозпас овардани ҷаноби Боқиев аз Лондон талоши бештар кунад.
Максим Боқиев баъди аз сари қудрат рафтани падари худ дар натиҷаи ошӯбҳо моҳи апрели соли 2010 кишварро тарк намудааст. Ӯро дар ин муддат ду дафъа дар Лондон дастгир, вале ҳарду дафъа дар баҳои васиқа раҳо карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |