Гул Шералӣ бо вазири афғон САSА-1000-ро баррасӣ кард
Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон бо вазири молияи Афғонистон, доктор Ҳазрат Умар Заҳилвол ҳамкориҳоро дар соҳаи энергетика баррасӣ кардаанд.
Тавре аз Вазорати саноат ва энергетикаи Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, вазирони тоҷику афғон аз ҷумла, татбиқи лоиҳаи хати интиқоли барқ (ХИБ)-и САSА-1000, лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ХИБ-500 кВ Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон ва ХИБ-500 кВ Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон ва хатҳои газгузари байнидавлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ба иттилои манбаъ аз ҷониби Афғонистон дар мулоқот инчунин муовини вазири тиҷорат ва саноат, Музалммил Шинворӣ, муовини вазири фавоиди оммаи Афғонистон, Нургул Мангал, муовини вазири иқтисод Ҳакимхон Ҳабибӣ ва масъулини ширкатҳои энергетикии афғон иштирок намуданд.
Ҷонибҳо иброз доштанд, лоиҳаҳои энергетикии минтақа ба манфиати тамоми кишварҳои минтақа буда, талошҳо барои татбиқашон бояд муштаракан сурат бигирад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |