Афзоиши муҳоҷират ва ифтитоҳи хатсайрҳои нав ба Русия

Парвози ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Қӯрғонтеппа ба самти Русия аз сар гирифта шуд.
Тавре маъмурияти вилояти Хатлон хабар медиҳад, бо назардошти афзоиши талабот, дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз парвози ҳавопаймоҳо аз Қӯрғонтеппа ба Маскав, Санкт – Петербург, Екатеринбург ва Новосибирск аз нав оғоз ёфтааст.
Ин дар ҳолест, ки фасли баҳор мавсими сафари муҳоҷирони тоҷик ба Русия маҳсуб меёбад. Тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, имсол муҳоҷират аз кишвар 24 дарсад афзоиш ёфта, тайи ду моҳи аввали соли равон аз кишвар 152 ҳазору 871 нафар ба муҳоҷират рафтаанд. Ба иттилои ин ниҳод миёни шаҳрвандони аз Тоҷикистон рафта, 127 ҳазорашонро мард ва 25 ҳазорашонро зан ташкил додаанд.
Бо назардошти афзоиши талабот нархи чиптаҳои ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия низ наздики ду маротиба афзоиш ёфта, айни ҳол аз ҳадди 500 доллари амрикоӣ гузаштааст.
Дар маҷмуъ теъдоди тоҷикон дар Русия беш аз як миллион нафар арзёбӣ мешавад, ки ба иттилои Созмони милали муттаҳид дар ду моҳи аввали соли равон ба Тоҷикистон ҳудуди 360 миллион доллар ворид кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |