Дар ду рӯз 1700 бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳ вайрон шудааст
Дар ду рӯзи аввали таҷлил аз ҷашни Наврӯз дар ҷодаҳои мошингарди шимоли Тоҷикистон бештар аз 1700 маротиба қоиҳои ҳаракат дар роҳ вайрон шудааст.
Аз БДА- и вилояти Суғд ба «Озодагон» иттилоъ доданд, ки ин рақам дар қиёс ба 17 ва 18-уми март 104 ҳолат зиёд аст.
Бино ба хабари манбаъ, 312 қоидавайронкунӣ аз ҷониби пиёдагардон содир шудааст.
«Танҳо дар рӯзҳои 21 ва 22-юми март аз ҷониби кормандони БДА-и вилояти Суғд 58 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати сархушӣ ошкор гардид. Дар санаҳои 17-ум ва 18-уми ҳамин моҳ бошад, ҳамагӣ 19 ҳодисаи ба ин монанд ба қайд гирифта шуд. Дар рӯзҳои ид ин намуди қойдавайронкуни бисёр ба назар мерасад»,- мегӯяд Диловар Ализода, нозири гурӯҳи ташвиқу тарғиботи шӯъбаи БДА- и вилояти Суғд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |