Вазири умури хориҷии Узбакистон ба Душанбе намеояд
Душанбе ба ҳамоиши вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамкориҳои Осиё омода мешавад. Ин нишаст барои 11-умин бор гузаронида шуда, интизор меравад, имсол дар он ҳайатҳои 32 кишвар масоили ҳамкориҳои муштаракро дар бахшҳои мухталиф ба баррасӣ бигиранд.
Гуфта мешавад, Ӯзбакистонро дар нишасти мазкур сафири он кишвар дар Душанбе намояндагӣ мекунад. Давлат Назрӣ, сухангӯйи ВКХ-и Тоҷикистон мегӯяд, аслан ҳаққи ҳар давлат аст, ки кадом намояндаашро ба ҳамоиш мефиристад.
Номбурда гуфт, дар назар аст, гуруҳе аз ҳайтаҳо дар алоҳидагӣ бо Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷа ва Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури Тоҷикистон дидору гуфтугӯ намоянд.
Ҳамоиши 11-уми вазирони кишварҳои Осиё рӯзҳои 28 ва 29-уми март дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |