"Ҷанг"-и Абдуҷаббор Раҳмонов бо "иринка" дар Донишгоҳи омӯзгорӣ
Маъмурияти Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз духтарони донишҷӯ ва муаллимаҳо тақозо кардааст, ки бо пойафзолҳои «иринка» ба дарсҳо ҳозир нашаванд.
Абдуҷаббор Раҳмонов, ректори донишгоҳ ба «Озодагон» гуфт, «шурӯъ аз имрӯз бо пойафзоли “танген”-у “иринка” омадани донишҷӯҳо ба дарс манъ карда шуд”. Вай дар шарҳи ин тасмим гуфт: “Донишгоҳи мо донишгоҳи омӯзгорӣ мебошад ва мо омӯзгор тарбия мекунем. Аз ин сабаб наметавонем, он духтаронеро, ки бо либоси урён ё либоси хонапӯшак ба дарсҳо меоянд, роҳ диҳем. Донишгоҳ низомномаи худро дорад, марҳамат, тибқи низомнома либос пӯшида биёянд”.
Дар ҳамин ҳол, Марзия Қодирова, донишҷӯи бахши сеюми Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, гуфт, “субҳи имрӯз бо куртаи сурхи баланд ва пойафзоли пасти танген ба дарс омадам, роҳ надоданд. Ба ман гуфтанд, ки бояд либоси якранг пӯшида биёем”.
Дар гузашта Абдуҷаббор Раҳмонов ба ҳайси вазири маориф бо рӯйсарӣ ё ҳиҷоби духтарон дар мактабҳо «ҷанг» эълон карда, писаронро барои бастани галстук маҷбур карда буд. Ҳамчунин, дар даврони вазирии Раҳмонов аз ҷавонони донишҷӯ тақозо шуда буд, ки бидуни риш ба дарсҳо биёянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |