Духтари Ислом Каримов сактаи қалбии падарашро дурӯғ номид

Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳури Узбакистон, шоеа ё овозаҳо дар мавриди сактаи қалби падарашро такзиб кардааст.
Духтари раисиҷумҳури Узбакистон рӯзи 26-уми март дар посух ба яке аз истифодабарандагони шабакаи «Twitter», ки бо забон англисӣ пурсидааст, "дар мавриди бемории раисҷумҳур чӣ гуфта метавонед? Оё ин ҳақиқат дорад? Барои густохиам пӯзиш мехоҳам» («what do you say about the illness of the president. Is it right? Sorry for rudeness») гуфта, ки "кадом раисиҷумҳур? Дар ин бора суҳбат намудан хеле ахмақона мебошад, дар сурате ки дида будем, расиҷумҳури мо дар ҷашни наврӯзӣ тақрибан 20 дақиқа рақс намуд» («Which President? Smn should be more than crazy to say so after seeingOUR PRESIDENTdancing at Navruz show for at least20min straight»)
Инчунин хонум Каримова баъдтар ба истифодабарандаи дигари ин шабака ба забони узбакӣ посух додааст, ки "ҳеҷ набошад, чашмони худро боз намуда, ақаллан ба ҷашнҳои расмӣ нигаред. Ӯ ранҷ мебарад, то Шумо зиндагӣ намоед))). Беҳуда талош накунед, ки бо ингуна суханҳои пуч асаби маро хароб намоед. Бархеҳо бо талошҳои чандинсолаи худ дар ин маврид комёб нагардидаанд, бечораҳо аз дунё рафтаанд. Беморанд)))"
Дар ҳамин ҳол, расонаҳо мегӯянд, ки интизор меравад, Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон рӯзи 15-уми апрел бо як сафари расмӣ озими Маскав шавад. Ёдрас менамоем, чанде қабл сомонаи расмии Ҳаракати мардумии Узбакистон ба раҳбарии Муҳаммад Солеҳ, яке аз мухолифони умдаи ҳукумати Ислом Каримов хабар дода буд, ки раисиҷумҳури Узбакистон шоми 19-уми март сактаи дил ё инфарктро пушти сар намудааст. Ҷаноби Солеҳ бо ишора бар ин ки дар ин бора яке аз наздикони Каримов ба ӯ иттилоъ додааст, гуфта буд, ин хабарро аз як манбаи қобили эътимод дастрас намудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |