Талоши парлумон барои маҳдуд кардани шаробнӯшии наврасон

Парлумони Қирғизистон бо боло бурдани қимати нӯшокиҳои спиртӣ мехоҳад аз шаробнӯшии наврасон ҷилавгирӣ намояд.
Тавре расонаҳои қирғизӣ иттилоъ медиҳанд, ин пешниҳодро Ургал Қодиралиев, вакили парлумони ин кишвар, 26-уми март ҳангоми баррасии тағйиру иловаҳо дар мавриди он, ки фурӯшандагони нӯшокиҳои спиртӣ бояд аз харидорон ҳуҷҷат талаб кунанд, ироа намудааст.
Ба гуфтаи Қодиралиева, барои пешгирии шаробнӯшии наврасон танҳо бояд нархи нӯшокиҳои спиртиро боло бурд, зеро дар ин сурат онҳо наметавонанд дастрасӣ ба ин намуди нӯшокӣ дошта бошанд. «Барои амалан иҷро гардидани ин қонун мо бояд гурӯҳи волонтёрҳоро таъсис бидиҳем, то аз рафти иҷрои он огаҳӣ дошта бошем ва фурӯшандаҳо низ дар ин сурат аз фурӯхтани нӯшокиҳои спиртӣ ба наврасон худдорӣ менамоянд»-афзудааст вакили қирғиз.
Инчунин Дамира Ниёзалиева, раиси Кумитаи оид ба сиёсати иҷтимоии парлумони Қирғизистон, низ пешниҳод намуда, ки ба қонун дар мавриди маҳдуд кардани дастрасии мардум ба нӯшокиҳои спиртӣ бояд тағйирот илова карда шавад. Барои мисол ба 5 ҳазор нафар аз шаҳрвандони кишвар бояд як нуқтаи фурӯши нушокиҳои спиртӣ рост ояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |