Аскари фирории тоҷик дар Красноярск боздошт шуд
Мақомоти пулиси минтақаи Красноярски Русия шаҳрванди Тоҷикистонро, ки худсарона қисми ҳарбиро дар Ватан тарк карда, аз хидмат дар артиш гурехтааст, боздошт намуд.
Тавре Хадамоти матбуоти Вазорати умури дохилии Русия иттилоъ медиҳад, кормандони шуъбаи ноҳияи Нижнеингашски вилояти Красноярск, зимни боздид аз бозорҳои ноҳия ҳуҷҷатҳои ин шаҳрванди Тоҷикистонро тафтиш карда, муайян кардаанд, ки ӯ дар пайгарди федералӣ қарор дорад ва дар Ватан барои гурез аз хидмати ҳарбӣ муттаҳам мешавад.
Ба иттилои манбаъ айни ҳол шаҳрванди фирории Тоҷикистон дар боздоштгоҳи муваққатии Красноярск нигоҳ дошта шуда, додгоҳи вилоят масъалаи истирдодашро ба Ватан баррасӣ мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |