Коршиносони техникаи иттилоотӣ дар Маркази Исмоилия ҷамъ меоянд
Рӯзҳои 26 ва 27-уми марти соли равон бо сарпарастии Шӯрои технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии назди президенти Тоҷикистон, корбарону коршиносони технологияи муосир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Маркази Исмоилияи Душанбе гирди ҳам меоянд.
Тавре аз ташкилоти ҷамъиятии «Маркази технологияҳои информатсионӣ-коммуникатсионӣ»-и Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, дар ин ҳамоиш татбиқи Нармафзорҳои Озод ва Кушодаасос (НОКА) баррасӣ мешавад. Дар кори ин конфронси минтақавӣ иштироки коршиносони НОКА аз минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар назар аст. Ба иттилои манбаъ, 26-уми марти соли 2013 дар чор синфхонаи Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе корбарон ва коршиносони ватанӣ ва минтақавии соҳаи ТИК таҷрибаи худро оид ба татбиқи НОКА дар соҳаҳои гуногун намоиш медиҳанд. Худи конфронс 27-уми март соати 9:00 дар назар аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |