“Корвон” соҳиби се мошин ва гуруҳи махсуси сӯхторхомӯшкунӣ шуд

Мудирияти “Корвон”, калонтарин бозори Тоҷикистон, баъди сӯхторҳои пай дар пай, ки калонтаринаш моҳи сентябри соли гузашта рух дод, хариди техникаи сӯхторхомӯшкиниро роҳандозӣ карда, дар ҳамкорӣ бо Вазорати умури дохилӣ гуруҳи махсуси оташнишонӣ созмон додааст.
Тавре аз маркази матбуотии «Бозори Корвон» ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, рўзи 23-юми марти соли ҷорӣ, ин бозор соҳиби боз як мошини оташхомўшкунии тамғаи ДОЕНДОНФЕН-и 5 тонна гардида, теъдоди умумии мошинҳои зиддисӯхторашро ба се адад расондааст. Қаблан низ раҳбарияти бозор 2 мошини оташхомўшкунӣ харида, ба қисми ҳарбикунонидаи оташнишонии «Бозори Корвон» супорида буд. Мудирияти бозор ёдрас мекунад, ки моҳи октябри соли 2012 байни ҶДММ «Бозори Корвон» ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ Шартнома оид ба таъсиси қисми махсуси оташнишонӣ дар «Бозори Корвон» ба имзо расида буд.
Ин талошҳои мудурияти “Корвон” дар ҳолест, ки рӯзи 5-уми сентябри соли гузашта, бар асари оташсӯзӣ дар қисмати яклухтфурӯшии бозори “Корвон”, ҳудуди 8 ҳазор метри мураббаъи бозор ва 2.250 дӯкону нуқтаи савдо нобуд шуд. Дар ин ҳодиса як нафар ҳалок ва чор каси дигар захм бардошта буданд. Пас аз як рӯзи оташсузии бозори “Корвон” сару садоҳои зиёд миёни мардум паҳн гардид ва савдогарони бозор барои додхоҳӣ ба кӯчаҳои Душанбе рехтанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |