Туркманистону Узбакистон дар феҳристи "ғайридемократитаринҳо"
Дар гузориши ҷадид оид ба нишондодҳои демократия дар ҷаҳон ба ҷуз Қирғизистон, кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ба гуруҳи “авторитарӣ” дохил шудаанд.
Маркази мутолеоти иқтисодӣ (The Economist Intelligence Unit, EIU) вазъи демократия дар 167 кишвари ҷаҳонро омӯхта, Туркманистон ва Узбакистонро дар мақоми 161-ум ҷой додааст, ки бадтарин нишондод дар минтақа ба шумор меравад. Ба ҷуз Қирғизистон, ки дар мақоми 106-ум қарор дорад, Қазоқистону Тоҷикистон низ бо ҷойҳои 143 ва 151-ум ба гуруҳи кишварҳои авторитарӣ шомил гардидаанд.
Муаллифони гузориш, демократияро бар асоси 5 омил - равандҳои интихоботӣ, гуногунандешӣ, озодиҳои шаҳрвандӣ, фаъолияти ҳукуматҳо, саҳмгирӣ дар фаъолиятҳои сиёсӣ ва фарҳанги сиёсӣ муайян кардаанд.
Демократияи мутлақ, дар Норвегия сабт шудааст, ки ин кишвар аз 10 холи имконпазир 9,93 холро гирифтааст. Ба даҳгонаи кишварҳои демократитарин 7 кишвари Аврупо ва инчунин Канада, Австралия ва Зеландияи Нав ворид гардидаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |