Шаҳрванди Тоҷикистон гуфтааст, фурудгоҳро дар Ленинград метарконад
Кормандони пулиси вилояти Ленинград, шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистонро, ки шаби гузашта аз таркондани бинои фурудгоҳи Пулково ҳушдор додааст, боздошт кардаанд.
Тибқи иттилои хабаргузориҳои рус, боздоштшуда соати 23: 00-и шаби гузашта дар ҳолати мастӣ ба 02-мақомоти пулиси шаҳри Санкт Петербург занг зада, таҳдид кардааст, ки агар 300 ҳазор рубли русиро наоранд, бинои фурудгоҳи Пулково 1-ро метарконад. Мақомоти рус мегӯянд, дар пайи ин таҳдиди шаҳрванди тоҷик мусофирон аз тайёраҳо фароварда шуда, парвозҳо ба таъхир афтоданд. Бошандагони фурудгоҳ ба макони бехавф кӯчонда шудаанд, вале баъди тафтишу санҷиш муайян шудааст, ки ягон хатари таркиш дар фурудгоҳ мавҷуд нест. Соати 01-40 ба вақти Маскав фурудгоҳ дубора ба фаъолият шуруъ кардааст.
Мақомоти пулис мегӯянд айни ҳол масъалаи ифтитоҳи парванда аз рӯи терроризмро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |