Зариф Ализода: Тамоми маҳбасҳои кишварро гаштам, вале...

Гузориши ахири Зариф Ализода дар робита ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар соли 2012 сару садои зиёдеро ба амал овард. Гурӯҳе аз ҳуқуқшиносон бар ин назаранд, ки дар қиёс бо солҳои гузашта, ин навбат гузориши ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба воқеъият наздиктар будааст. Зеро дар гузориши мазкур омбудсмени тоҷик аз вазъи ҳуқуқи инсон, дастрасӣ ба иттилоот, шиканҷа ва ҳушунат интиқод кардааст.
Хабарнигори «Озодагон» Ҳумайрои Бахтиёр дар ҳамин хусус бо Зариф Ализода ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон сӯҳбат намуд.
Озодагон: Мӯҳтарам Зариф Ализода сабаби аслии ба воқеъият наздик будани гузориши 2012 дар чист?
Ализода: Албатта дигаргунӣ дар ин гузориш эҳсос мешавад. Аммо ин як раванди кор бояд бошад. Чунки ин гузориши саввуми мо дар робита ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аст. Давоми 3 сол иқтидори мақомоти мо беҳтару хубтар гардид. Мо дар 8 минтақаи кишвар қабулгоҳи таҳлилии худамонро таъсис додем. Ҳамчунин боздиди бевосита аз муассисаҳои иҷрои ҷазо, мақомот ва умуман дар тамос бо мардум будем. Шояд сабаби фарқияти гузориш дар он бошад, ки ин навбат аз ҷиҳати амалӣ мо бештар корҳоро анҷом додем. Мо талош кардем, то норасоиҳои қонунгузорӣ ва фаъолияти мақомоти давлатиро таҳлил намуда, дар натиҷа барои беҳтар кардани вазъи ҳуқуқи инсон 93 тавсия пешниҳод доштем. Ба гумони зиёд ин 93 тавсияи мо давоми соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ ба инобат гирифта мешавад. Набояд фаромӯш кард, ки яке аз натиҷаи мусбати кори мо ин аст, ки ҳамкории устуворро бо созмонҳои ғайридавлатӣ ва мақомот ба роҳ мондем. Мо ҳисоботу тавсияҳои онҳоро мавриди таҳлил қарор дода, ҳамчунин аз таҷрибаи давлатҳои ҳамсоя низ истифода кардем. Ҳамзамон қабули қонунҳое ба монанди дастрасӣ ба иттилоот, хушунат барои беҳтар гардидани вазъи ҳуқуқи инсон ба мо кӯмак карданд.
Озодагон: Аз хомӯшии шумо ҳангоми ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бештар интиқод мешавад. Мегӯянд, ки Зариф Ализода ба унвони ваколатдор иродаи сиёсӣ надорад. Шумо дар ин робита чӣ мегӯед?
Ализода: Албатта ҷомеа бе танқид намешавад. Онҷое, ки камбудӣ ҳаст, танқид ҳам мешавад. Ман умуман хафа намешавам аз коршиносон. Танқиди онҳо маънои онро дорад, ки мо бояд иштибоҳи худро ислоҳ намоем. Масъалаи ҳуқуқи инсон пурмуҳтаво ва васеъ буда, барои ба даст овардани натиҷаи мусбат бояд тамоми ҷонибҳо талош варзанд. Ҳоло мақсади аслии мо ин аст, ки ҳамкории худро бо мақомоти марбутаи давлатӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ беҳтар намоем.
Озодагон: Мушкили дигар ин аст, ки дар соли гузашта дар маҳбасхонаҳо ҳолатҳои шиканҷа зиёд буда, ҳатто баъзе аз зиндониҳоро ба қатл раосниданд. Чаро шумо дар чунин ҳолатҳо мавқеъи худро равшан накардед?
Ализода: Намедонам, шояд аз сабаби камбуди дастрасии мо ба раоснаҳои хабарӣ бошад, ки аз мавқеъгирии ман ҷомеаи шаҳрвандӣ огоҳ наёфтанд. Вале ман пайваста тавассути сомонаи ваколатдор аз чунин ҳодисаҳо шикоят мекардам. Аз ҷониби дигар мавқеъгирӣ кардан дар чунин шароит вазнин аст. Ман аз муассисаҳои иҷрои ҷазо дидан кардам. Вале бо як дидор намешавад хулосабарорӣ кард. Он ҷинотяҳое, ки содир шуданд санҷиш ва тафтишот мехоҳанд. Ягона талаботи мо ҳамин буд, ки тафтишот ва санҷиш барои ошкор кардани чунин ҷиноят мутобиқи қонунгузорӣ бояд озод ва шаффоф баргузор гардад.
Озодагон: Яъне, дар сурати кафолати тафтишоти шаффоф ҷиноятҳоро ошкор кардан имкон дорад?
Ализода: Бале. Барои чунин натиҷа мо бояд бештар ва шаффофтар корро анҷом бидиҳем.
Озодагон: Мо, яъне кӣ?
Ализода: Манзури ман ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, масъулини муассисаҳои иҷрои ҷазо, мақомоти давлативу ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Маҳбас ин ҷойе мебошад, ки дар он инсонҳо бо рафтору кирдори гуногун нигоҳ дошта мешаванд. Талаботи аввалини мо ин аст, ки бо маҳбусон муносибати инсонӣ бояд ба роҳ монда шавад. Танҳо дар сурат метавонем натиҷаи воқеъиро ба даст биёрем.
Озодагон: Яке аз имконияти шумо ин аст, ки дар ҳолатҳои зарурӣ метавонед вориди зиндонҳо шавед. Аз чунин имкон истифода мекунед?
Ализода: Дар соли 2012 ман тамоми маҳбасхонаҳои кишварро гаштам. Барои муайян кардани меъёри муносибат бо маҳбусон ба кормандони муассисаҳои иҷрои ҷазо давраҳои омӯзишӣ гузаронидем.
Озодагон: -Суоли охирин. Шумо вазъи ҳуқуқ ва озодии сиёсии инсонро дар Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Ализода: Мусбат.
Озодагон: Мусбат?
Ализода: -Бале, мусбат!
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |