Мусо Асозода, таҳлилгар
Эҳтимоли ҷорӣ кардани низоми раводид барои ворид шудан ба ҳудуди Русия ба манфиати худи ҷомеаи мо мешавад. Ин амал ба манфиати Тоҷикистон мешавад. Қабл аз ҳама он сару садоҳое, ки атрофи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳастанд, аз байн меравад. Он мисолҳое, ки Тоҷикистон ва муҳоҷирони мо гуиё тирезае барои ворид гардидани маводи мухаддир дар Русия ҳастанд бе чуну чаро гум мешаванд. Дар ин маврид шояд афроде бошанд, ки аз ворид кардани низоми раводид интизориҳои манфӣ доранд. Аз нигоҳи ман онҳо куллан иштибоҳ мекунанд. Ҳар давлате, ки бо кишвари дигар дар доираи низоми раводид ҳамкориашро ба роҳ мемонад, бурд мекунад. Давлатҳои муттамаддин аз ин равнад гузаштанд, мо ҳам бояд бигзарем.
Исмоил Раҳматов, коршинос Дар ин маврид чизе гуфтан хеле мушкил аст. Бояд гуфт, ки чунин пешниҳод аз ҷониби гурӯҳҳои миллатгарои рус бештар садо медиҳад. Бештар маврид Жириновский чунин пешниҳод мекунад, ин навбат ин пешниҳодаш аз ҷониби комунистҳо дар Думаи давлатӣ дастгирӣ ёфт. Ворид кардани низоми раводид бо Тоҷикистон хеле мушкил аст. Мо онҷо муҳоҷирони зиёд дорем. Илова бар ин пойгоҳи низомии Русия инҷо мустақар аст. Ин маънои онро дорад, ки раводид барои Русия ҳам хароҷоти зиёдро талаб мекунад. Мушкилоти бештар на барои Тоҷикистон, балки барои худи Русия эҷод хоҳад шуд. Ҳамаи ин пешниҳодот беасосу бебунёд ҳастанд.
Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия Масъалаи ҷорӣ намудани низоми раводидро дар Русия гурӯҳе аз мансабдорон ва сиёсатмадорон ҷонибдорӣ мекунанд. Барои мисол чанде пеш комунистҳои Думаи давлатӣ низ гуфтанд, ки Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд раводидро ҷорӣ намояд. Вале ман мутмаинам, ки ҳукумати Русия ба ин кор даст намезанад. Ба кадом хотир? Ба он хотир, ки дар сурати амалӣ кардани ин барнома нуфузи Русия кам шуда, ин давлат бори дигар аз кишварҳои ба худ наздик дур мешавад.
Мӯҳр