Мақомоти узбак нархи газро барои аҳолӣ боло мебаранд
Мақомоти Узбакистон аз моҳи апрели соли ҷорӣ нархи гази табииро барои шаҳрвандони худ то 14% боло мебаранд.
Тавре хадамоти матбуотии ширкати «Узбекнефтегаз» иттилоъ додааст, аз рӯи нархномаҳои нав, аз 1-уми апрели соли ҷорӣ 1 метри мукааби гази табиӣ ба шаҳрвандони ин кишвар ба қимати 139,8 сум (0,05$) фурӯхта мешавад, ки ин нишондод нисбат ба нархномаҳои пешин 13,8% зиёд мебошад. Ин ниҳод мегӯяд, дар сурати набудани ҳисобкунакҳо дар хонаҳои зист, арзиши 1 метри мукааб 242 сум(0,08$)-ро ташкил хоҳад дод.
Ба гуфтаи коршиносон мақомоти узбак ҳар мавсим нархи газу хидматрасониҳои коммуналиро барои аҳолӣ боло мебаранд. Аз ҷумла сар аз моҳи апрел дар назар аст, ки баробари газ, нархи хидматрасониҳои коммуналӣ низ аз 10 то 13% боло мераванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |