Боздошти шаҳрванди тоҷик бо 33,6 кило героин дар Қирғизистон
Дар вилояти Чуйи Қирғизистон як шаҳрванди Тоҷикистон бо 33,6 кило героин боздошт шудааст.
Тавре Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Қирғизистон хабар медиҳад, ин табааи тоҷик, ки 46 сол дорад, 23-уми март барои қоҷоқи мухаддирот дастгир гардидааст. Бино ба иттилои мақомоти қирғиз, зимни кофтукови шахсӣ аз 2 ҷузвдони ин шаҳрванди Тоҷикистон 37-адад бастаҳои селофанӣ, ки дар дохилашон 33 килою 660 грам маводи нашъадори «героин» будааст, дарёфт ва мусодира гардидааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Дар мавриди ному насаби шаҳрванди боздоштшудаи тоҷик дар иттилоияи мақомоти қирғиз чизе гуфта намешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |