Бахшҳо
25 мар 2013 11:43Тоҷикистон / Видео

Видео: "Варф"-и Файзуллоев аз аспҳои Хол Машрабов гузашт

Ибодуллои ТОҲИР

Дирӯз дар майдони аспдавонии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт бахшида ба ҷашни Наврӯз пойгаи равон баргузор гардид, ки дар он аспҳои зоти тоҷикиву англисии аз дусола боло бо иштироки беҳтарин чобуксаворони дохиливу хориҷӣ ба сабқат баромаданд.

Мусобиқаи аспдавонӣ аз 11 марҳила иборат буд. Дар марҳилаи аввал 8 аспи аз чорсола болои зоти тоҷикӣ вориди майдон шуда ба масофаи 1600 метр давиданд, ки аз миёни онҳо таҳти рақами 5, асп бо лақаби Арпаш, ки онро Фрезел Кейтлин, амрикоидухтари чобуксавор идора мекард аввалин шуда ба хати мара расид. Ин асп аз ҷониби Узбеков Самеъ аз шаҳри Душанбе пешниҳод шудааст. Мақоми дуюмро таҳти рақами 8, асп бо лақаби Вазир, ки онро чобуксавор Матлуба Бобомуродова идора мекард соҳиб шуд. Ин асп аз ҷониби Ҷалматов Ибодулло аз ноҳияи Рӯдакӣ пешниҳод шудааст. Зинаи сеюми марҳилаи аввалро бошад, таҳти рақами 6 асп бо лақаби Гадес, бо идораи чобуксавор Узорой Холматова соҳиб шуд. Ин асп аз ҷониби «Муассисаи хушзоткунии чорво»-и ноҳияи Рӯдакӣ пешниҳод шудааст.

Марҳилаи 2-юм аспҳои 2 сола ва 3 солаи зоти англисӣ дар масофаи 1000 метр давиданд. Дар ин давр, ки ҳамагӣ 5 асп ширкат карданд, нахустин шуда таҳти рақами 5 асп бо лақаби Лексус, ки онро чобуксавор, Аслам Ҳамроқуллов меронд ба мара расид. Ин асп аз ҷониби Нуриддин Ҳусейнов пешниход шудааст. Ҷойи дуюмро таҳти раками 4, асп бо лақаби Сингапур бо идораи чобуксавор Идибек Сатторов соҳиб шуд. Ин асп аз ҷониби Наврӯзгоҳи пойтахт пешниҳод шудааст. Мақоми сеюм насиби асп бо лақаби Басра гардид, ки савораи он Раҳматулло Юсупов буд. Ин асп аз ҷониби Абдулмуъмин Ятимов аз нохияи Фархор пешниҳод шудааст.

Марҳилаи 3-юм аспҳои дусолаи зоти тоҷикӣ масофаи 1000 метрро тай карданд. Дар ин марҳила ду аспи Беҳзод Файзуллоев яке таҳти раками 6 бо лакаби Гандикап таҳти идораи чобуксавор Беҳрӯз Саторов ҷойи якумро сохиб шуд ва дуюми таҳти рақами 7 бо лақаби Гарнир таҳти идораи чобуксавор Хуршед Саторов зинаи сеюмро касб каард. Мақоми дуюмро бошад таҳти раками 1 асп бо лақаби Сер таҳти идораи чобуксавор Раҳматулло Юсупов соҳиб шуд, ки ин асп аз ҷониби Маҳмадӣ Ҳакимов пешниҳод гардидааст.

Марҳилаи 4-ум 6 аспи 3-солаи зоти тоҷикӣ масофи 1600 метр давиданд. Ҷойи якум насиби асп таҳти рақами 3 бо лақаби Рим гардид, ки онро чобуксавор Салоҳиддин Сатторов идора мекард. Ин асп аз ҷониби хоҷагии деҳқонии «Абумуслим»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ пешниҳод шудааст. Мақоми дуюмро аспи Хол Машрабов таҳти рақами 2 бо лақаби Тоҷдор соҳиб шуд, ки савораи он Сайдалӣ Қодиров буд. Зинаи сеюм насиби аспи Беҳзод Файзуллоев гардид, лакаби асп Гринада буд, онро чобуксавор Беҳрӯз Саторов идора мекард.
Дар марҳилаи 5-ум 12 аспи синусоли гуногун масофаи 1600 метр давиданд. Ҷойи якумро асп таҳти рақами 8 бо лақаби Султон соҳиб шуд, ки савораи он Мусулмон Ҷалматов буд. Асп аз ҷониби Ҷалматов Абдусамад пешниҳод шудааст. Асп бо лақаби Гранд таҳти раками 3 дуюмин шуда ба хати мара расид, ки онро чобуксавор Ҷамолиддин Шарипов идора мекард. Ин асп аз ҷониби Кара Рабиев аз шаҳри Вахдат пешниҳод гардидааст. Зинаи 3-юм насиб асп таҳти рақами 12 бо лақаби Барон гардид, Фазлиддин Ҳасанов савораи ин асп буд. Асп аз хоҷагии деҳқонии «Мурод-1»-и ноҳияи Рӯдакӣ пешниҳъод гардидааст.

Марҳилаи 6-ум 10 аспи зоти тоҷикии сину соли гуногун ба масофаи 1600 давиданд. Дар ин давр аспи пешниҳоднамудаи «Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикор» аз шахри Душанбе таҳти рақами 7 бо лақаби Ситора, бо идораи чобуксавор Холмаҳмад Юлдошов сазовори ҷои аввал гардид. Мақоми дуюмро аспи пешниҳоднамудаи хоҷагии «Кангурт»-и ноҳияи Темурмалик таҳти раками 4 бо лақаби Офарин соҳиб гардид. Зинаи сеюм насиб аспи пешниҳоднамудаи «Муассисаи хушзоткунии чорво»-и ноҳияи Рӯдакӣ гардид.
Марҳилаи 7-ум 11 аспи сину соли гуногуни зоти тоҷикӣ масофаи 1600 метр давиданд. Асп таҳти рақами 2 бо лакаби Вахш таҳти идораи Саидмуҳаммад Файзов, ки аз ҷониби худи ӯ пешниҳод шудааст дар ҷойи аввал омад. Дар ҷойи дуюм асп таҳти рақами 9 бо лақаби Гектор таҳти идораи чобуксавор Идибек Сатторов омад. Ин асп аз ҷониби Наврӯзгоҳи пойтахт пешниҳод шудааст. Ҷойи -3-юм насиби асп таҳти рақами 5 бо лақаби Тайфун гашт онро Бобоназар Эшонқуллов савор буд. Ин асп аз ҷониби хоҷагии деҳқонии «Мурод-1» пешниҳод гардида буд.
Марҳилаи 8-ум 9 аспи сину соли гуногуни зоти тоҷикӣ масофаи 1600 метрро давиданд, ки дар ин сабқат 3 асп аз нохияи Рӯдакӣ ҷойҳои намоёнро соҳиб шуданд. Асп таҳти рақами 7 бо лақаби Пайгир аввалин шуда ба хати мара расид савораи он Темур Маҳмадов буд, ки аз ҷониби худи ӯ пешниҳод гардидааст. Ҷойи дуюмро асп таҳти раками 2 бо лақаби Элемент бо идораи чобуксавор Шуҳрат Юсупов соҳиб шуд, ки аз чониби КВДЧ «Асппарвар» пешниҳод гардидааст. Асп таҳти роақами 1 бо лақаби Рахш таҳти идораи чобуксавор, Султон Алаёров дар ҷойи сеюм омад. Ин асп аз «Муассисаи хушзоткунии чорво» пешниҳод гардидааст.

Марҳилаи 9-ум 9 аспи зоти тоҷикии сину соли гуногун масофаи 1600 метр давиданд. Асп таҳти рақами 2 бо лақаби Дизел, ки савораи он Баҳодур Орипов буд аввалин шуда ба хати мара расид. Ин асп аз ҷониби Қурбон Мирзоев аз ноҳияи дурдати Мастчоҳ пешниҳод шудааст. Асп таҳти рақами 3 бо лақаби Фокс, ки онро Зикрулло Изатов савор буд дар ҷойи дуюм омад. Ин асп аз ҷониби хоҷагии «Кангурт» пешниҳод шудааст. Асп таҳти рақами 6 бо лақаби Легендарний таҳти идораи Шуҳрат Юсупов сеюмин шуда ба хати мара наздик шуд. Ин асп аз ҷониби КВДҶ «Асппарвар»-и ноҳияи Рӯдакӣ пешниҳод шудааст.



Дар марҳилаҳои 10 ва 11 чобуксаворон аспҳоро барои дарёфти шоҳҷоиза ба масофаи 2000 метр давонданд. Шоҳҷоиза 3 ҳазор сомонӣ муқаррар гардида буд.

Ҳаминтариқ марҳилаи 10-ум 7 аспи аз 4-сола болои зоти тоҷикӣ ин масофаро тай намуданд, ки аз миёни онҳо аспи Беҳзод Файзуллоев, таҳти рақами 4 бо лақаби Варф бо идораи чобуксавор Хуршед Саторов соҳиби шоҳҷоиза гашт. Ҷойи 2-юмро асп таҳти рақами 1 бо лақаби Базел, ки онро Абдурауф Бобоалиев идора мекард соҳиб шуд. Ин асп аз ҷониби Исмоил Беков аз ноҳияи Шаҳринав пешниҳод гардидааст. Ҷойи 3-юмро бошад асп таҳти рақами 3 бо лақаби Велюр таҳти идораи Фирдавс Саломов соҳиб гардид. Ин асп аз ҷониби КВДҶ «Асппарвар»-и ноҳияи Рӯдакӣ пешниҳод гшардидааст.

Марҳилаи 11-ум бошад 5 аспи аз 4 сола болои зоти англисӣ барои дарёфти шоҳҷоиза ба масофаи 2000 давиданд. Дар ин сабқат аспи Маҳмадӣ Ҳакимов таҳти рақами 1 бо лақаби Эйбл, ки савораи он Аслам Ҳамроқуллов буд соҳиби шоҳҷоиза гардид. Ҷойҳои дуюму сеюмро ду аспи Хол Машрабов соҳиб шуданд. Таҳти раками 3 асп бо лақаби Приз таҳти идораи Зариф Қодиров ҷойи 2-юм ва таҳти рақами 4 асп бо лақаби Герб бо идораи Сайдалӣ Қодиров ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.

Ҳамаи аспҳое, ки дар пойгаи равон ҷойҳои намоёнро соҳиб шуданд бо нишону ифтихорномаҳо ва бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)