Ночорӣ шаҳрвандони қазоқро ба гурдафурӯшӣ водор кардааст
Ду шаҳрванди Қазоқистон ба хотири таъмини фарзандонашон гурдаҳои хешро ба фурӯш гузоштаанд.
Тавре расонаҳои қазоқӣ иттилоъ медиҳанд, Бахтиёр Юсупов, сокини шаҳри Шимкенти Қазоқистон, барои пардохти ҳаққи иҷораи хонае, ки дар он зиндагӣ менамояд, гурдаҳои худро мехоҳад фурӯшад. Ӯ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, дар ҳоли ҳозир ҳеҷ манбаи даромаде надорад, то фарзандони худро бо озуқаворӣ таъмин намояд ё ҳаққи иҷораи хонаашро пардозад. Ҳар чанд омодааст барои пасттарин музд кор кунад. Аз ин рӯ маҷбур шудааст бо ҳамсари худ узви баданашонро фурӯшанд ва ин тасмими онҳоро тамоми афроди оила ҷонибдорӣ менамоянд.
Ба гуфтаи Юсупов, ӯ ҳамроҳи оилаи худ шаш сол қабл аз Узбакистон ба Ватан баргаштаааст ва аз тарафи давлат ба онҳо хона ваъда додаанд, вале ҳанӯз ҳам ин манзили зистро нагирифтаанд. Мақомоти маҳаллии шаҳри Шимкент ин бор низ ба Юсупов ваъда додаанд, ки барояш як кори хубе пайдо хоҳанд кард. «Дар ҳоли ҳозир мо ба ҷамъоварии санадҳо барои ҷудо намудани замин ба ин оила машғул мебошем»- гуфтааст Мақсад Ҷолдасбеков, муовини сардори Шӯъбаи шуғли аҳолии шаҳри Шимкент.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |