Баҳси тоҷирон дар Қӯрғонтеппа бо куштор анҷомидааст
Мақомоти пулиси вилояти Хатлон бо иттиҳоми куштори Раҳимова Наргис Изатуллоевна соли таваллудаш 1979, шаҳрванд Шокиров Бахтиёр Ҳусейнович, соли таваллудаш 1989, сокини кӯчаи Космонавти Қӯрғонтеппаро боздошт кардаанд.
Тавре аз Вазорати умури дохилӣ ба хабаргузории “Озодагон” хабар доданд, Шокиров Бахтиёр рӯзи 21 феврали соли 2013 дар манзили истиқоматии иҷорагирифтааш дар кӯчаи Правдаи шаҳри Қурғонтеппа, шаҳрванд Раҳимова Наргис Изатуллоевна соли таваллудаш 1979, сокини кӯчаи М.Қодировро буғӣ карда куштааст. Ба иттилои мақомот ин куштор дар заминаи муноқиша барои нуқтаи савдо дар бозори «Фаровон»-и шаҳри Қурғонтеппа сар задааст.
Мақомот мегӯяд, Шокиров баъди содир намудани куштор, шабона ҷасади Раҳимова Наргис Изатулоевнаро ба дарёи Вахш партофтааст. Айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |