Нигаронии Достиев аз маҳалбозии диаспораҳои тоҷикон дар Русия

Абдумаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, аксари диаспора ва иттиҳодияҳои тоҷикон дар Русия аз рӯи маҳал созмон ёфтаанд ва бештар ба ҳимояи манфиатҳои шахсӣ машғуланд, на миллӣ.
Достиев дар суҳбат бо “Озодагон” сӯитафоҳумҳои роҳбарони иттиҳодияҳои тоҷикон дар Русияро шарҳ дода, афзуд, “ин як дарди тоҷикӣ аст. Ҳамон созмон ва ё диаспораҳое, ки мегӯем дар асоси маҳал ташкил шудаанд. Аз Тоҷикистон шояд чандон эҳсос нашавад, вале дар Русия ин гуна масоилро мисле, ки дар оинаи нилгун мебинӣ, равшану возеҳ аст. Чанде аз чунин диаспораву созмонҳоро раҳбарон бо ҳамсару фарзандон ва хешутаборонашон таъсис додаанд. Ин ба дарди муҳоҷирон намехӯрад. Диаспораҳоро бештар барои ҳимояи манфиатҳои худашон ташкил додаанд, на барои мардуми тоҷик.”
Ин изҳороти Достиев дар ҳолест, ки ахиран дар Маскав ду чеҳраи шинохта аз ҷумлаи раҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар Русия, Каромат Шарипов ва Изат Амон мухолифи ҳам баромада, эҳтимоли додгоҳӣ шудани баҳси онҳо ба миён омадааст.
Каромат Шарипов, раиси Ҷунбиши ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирини меҳнатии тоҷик», дар сомонаи ин созмон Иззат Амон, раиси Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон дар Русияро айбдор кард, ки гӯё мехост ҳамсари яке аз се муҳоҷири боздоштшудаи тоҷикро дар Русия фиреб карда, бо баҳонаи ироаи адвокат пул ба даст орад. Аммо Иззат Амон ин даъворо рад карда, гуфтааст, ба хотири дифоъ аз шаъну шараф ва ҳайсияти инсониаш ба додгоҳи шаҳри Маскав муроҷиат хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |