Баҳси об дар СММ: Душанбею Тошканд боз забон наёфтанд
Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон, охири ҳафтаи гузашта дар муколамаи интерактивӣ оид ба масоили об дар дафтари Марказии СММ дар Ню-Йорк мавқеи Душанбе ва Д. Ҳакимов, намояндаи доимии Узбакистон дар СММ мавқеи Тошкандро оиди сарчашмаи мушкилоти обӣ ва роҳҳои ҳалли онҳоро баён доштаанд.
Тавре Маркази иттилоотии СММ хабар медиҳад, Оқил Оқилов дар ин ҳамоиш изҳор доштааст, ки об набояд боиси ҷудошавӣ, балки омили баҳамоии давлатҳо дар минтақа ва ҷаҳон гардад: “Ба иттилои худи СММ то соли 2025 талабат ба об дар кишварҳои рӯ ба рушд аз имрӯза 50 дарсад ва кишварҳои мутараққӣ 18 дарсад афзоиш меёбад. Дар натиҷа аз се ду ҳиссаи сокинони сайёра аз об танқисӣ хоҳанд кашид ва аз ҷумла 1,8 миллиард нафар бо камбуди шадиди об рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.”
Бино ба ин Оқилов таъкид кардааст, ки кишварҳои минтақа ва ҷаҳон бояд дар масъалаи об аз гуфтушунид бештар кор гиранд ва конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар бахши обро дар Душанбе, ки 20 – 22-юми августи соли равон дар назар аст, беҳтарин имконият барои баррасии сӯитафоҳумҳо арзёбӣ кардааст.
Дар мавриди лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, Оқилов бори дигар таъкид кардааст, ки онҳо бо назардошти манофеи тамоми давлатҳои минтақа амалӣ мешаванд ва барои аҳолию иқтисодиёти Тоҷикистон ҳаётан муҳим мебошанд. Сарвазири Тоҷикистон гуфтааст, дар Осиёи Миёна барномаҳои миллии идораи об бо кишварҳои дигари минтақа ҳамоҳанг нашудаанд ва бино ба ин самараи дилхоҳ намедиҳанд. Оқилов зарур гуфтааст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ барномаҳои миллии худро аз ҷумла дар бахши кишоварзӣ бозбинӣ кунанд.
Дар ҳамин ҳол Д. Ҳакимов, намояндаи доимии Узбакситон дар СММ ҳам ҷонибдории кишварашро аз истифодаи самараноки об дар минтақа баён дошта, таъкид кардааст, ки Узбакистон қатъиян зидди бунёди нерӯгоҳҳои бузург дар кишварҳои болооб аст, чун ин лоиҳаҳо 30-40 сол пеш таҳия шудаанд ва татбиқашон айни ҳол зараровар аст. Ӯ беҳтар хондааст, ки дар кишварҳои болооб нерӯгоҳҳои хурд бунёд гарданд.
Ҳакимов таъкид кардааст, ин мавқеи Узбакистон бояд аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ шунида ва ба назар гирифта шавад, чун маҳз Узбакистон ҷабрдидаи асосии мушкилоти экологӣ дар минтақа аз ҷумла хушкшавии баҳри Арал мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |