Наврӯзгоҳ ба ду мусобиқаи муҳим омода мешавад
Дар Тоҷикистон тантанаҳои наврӯзӣ идома доранд. Фардо, 24-уми март, дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди пойгаи равон баргузор мешавад.
Қарор аст дар сабқат беҳтарин аспҳо миёни ҳам рақобат намоянд. Имрӯз дар бархе кӯчаҳои Душанбе аспсаворонеро дидан мумкин аст, ки ба мусобиқаи аспдавонӣ омодагӣ мегиранд.
Рӯзи 25-уми март бошад, Наврӯзгоҳ мизбони мусобиқаи калони гуштии миллӣ хоҳад шуд. Барои ширкат дар он беҳтарин паҳлавонони Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя даъват шудаанд. Оғози ҳарду мусобиқа соати 10:00 ба вақти Душанбе муайян шудааст.
Аз шаҳрдории пойтахт ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, ки бар асоси қарори мири шаҳр- Маҳмадсаид Убайдуллоев барои гузаронидани мусобиқаҳои пойгаи равон ва гуштии миллӣ 109 ҳазору 550 сомонӣ ҷудо шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |