Ҳазору 269 донишҷӯи тоҷик дар хориҷи кишвар таълим мегиранд
Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, айни замон 1 ҳазору 269 ҳамватани мо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар таҳсил мекунанд.
Маҳмудхон Шоев, сухангуи вазорат ба “Озодагон” гуфт, ки ин донишҷуён тибқи бурсияи таҳсилӣ аз ҷониби Вазорати маориф дар соли 2012 – 2013 барои таҳсил фиристода шуданд.
“Аз вилояти Хатлон 576 донишҷӯ (536 писар ва 40 духтар) аз вилояти Суғд 228 нафар (194 писар ва 34 духтар), аз вилояти Мухтори куҳистони Бадахшон 130 донишҷӯ (86- 44), аз шаҳри Душанбе 227 нафар (197-30) ва аз ноҳияҳои тобеъи марказ 108 донишҷӯ (89-19) барои таҳсил ба хориҷи кишвар рафтанд”,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |