Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон футболбозони тими миллиро бо палов зиёфат дод
Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон ҳам 22-юми март аз Наврӯзи байналмилалӣ ҷашн гирифт.
Дар чорабинии наврӯзии сафорат футболбозон ва ситоди муррабиёни мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол низ ширкат доштанд.
Олим Раҳимов, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон омадани баҳор ва баробаршавии шабу рӯзро ба бозингарон ва ситод табрик гуфт. «Дар дидор бо тими миллии Қирғизистон бозии хубе кардед. Ман сидқан мухлисӣ кардам. Мутаасифона бахт дар ин бозӣ ба рӯйи шумо нахандид. Бовар дорам, навбати дигар ҳатман дастболо мешавед. Ба шумо муваффақият ва барор мехоҳам»,-афзуд сафир.
Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон ҳайати тими миллии Тоҷикистон оид ба футболро, ки ҷиҳати ширкат дар Ҷоми даъвати АФК-2014 ба Бишкек рафта буданд, бо палов зиёфат дод.
Дар ин чорабинӣ ҳамчунин намояндагони корпуси дипломатӣ, вазорати умури хориҷии Қирғизистон, Иттиҳоди ҷамъиятҳои дӯстӣ ва ҳамкории Қирғизистон бо кишварҳои хориҷ, диаспораҳои тоҷикӣ ва дигар меҳмонон ширкат доштанд.
(аксҳо аз ca-news.org)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |