Ӯзбакистон дар феҳрасти «сиёҳ»-и NASA?
NASA, Маркази миллии кайҳоншиносии ИМА дастрасии шаҳрвандони Ӯзбакистон ба иншоотҳои ин ниҳодро мамнӯъ мекунад.
Чарлз Болден, роҳбари NASA дар ҷаласаи Конгреси Амрико гуфтааст, ба хотири таъмини амнияти бештар дастрасии шаҳрвандони як қатор кишварҳо ба иншоотҳои марказ бояд маҳдуд шавад. Ин тасмим баъди боздошти Бо Сзян, як шаҳрванди Чин дар санаи 16-уми март роҳандозӣ гардидааст. Сзян, ки тибқи шартнома дар NASA фаъолият доштааст, талоши ба Хитой бурдани асноди муҳиме дар мавриди технологияҳои иттилоотиро карда буд.
Ҳоло тасмим шудааст, дастрасӣ ба пойгоҳи электронии NASA ба шаҳрвандони бархе кишварҳо мамнӯъ гардад. Дар миёни давлатҳое ба монанди Чин, Мянма, Эритре, Кореяи Шимолӣ, Арабистони Саудӣ, Судон директории NASA bcvb Ӯзбакистонро низ гирифтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |