Қотили марде, ки аз 46 зарби корд кушта шуд, ду бону гуфта мешавад
Пулиси Қирғизистон бо иттиҳоми куштори шаҳрванди Қазоқистон ду бонуро дастгир кард. Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон муттаҳамонро аз шаҳри Қара-Болт, воқеъ дар шимоли Қирғизистон боздошт кардаанд.
Ҷасади Олег Ляшенко, шаҳрванди 24 солаи Қазоқистон 18-уми март аз шаҳри Бишкек ёфт шуд. Тафтишот нишон дода, ки вай аз 46 зарби корд ба гардан, қафаси сина ва пушт ба ҳалокат расидааст. «Зимни баргузории чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ бо иттиҳоми анҷоми ин куштор ду бонуи 20 ва 21 сола боздошт шуд. Аз онҳо телефонии мақтул дарёфт гардид ва ҳоло аз рӯйи ин ҳодиса парванди ҷиноӣ боз гардиа, тафтишот идома дорад»,-меафзояд манбаъ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |